Activities calendar

29 ноября 2025

Ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда. Чӣ бояд кард?

Ҳамчуноне иттилоъ додем, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз олудагии ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар аз моддаҳои муаллақ хабар дод. Ин манбаъ гуфтааст, ки аз 29-уми ноябр то 1-уми декабри соли равон дар баъзе минтақаҳои кишвар баландшавии ҳолати олудагии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ дар назар аст.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хатари ин гуна ҳавои номусоид тавсия медиҳад:  

 

  1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

Ҳушдор аз олудагии ҳаво дар чанд рӯзи оянда

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз олудагии ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар аз моддаҳои муаллақ хабар дод. Ин манбаъ гуфтааст, ки аз 29-уми ноябр то 1-уми декабри соли равон дар баъзе минтақаҳои кишвар баландшавии ҳолати олудагии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ дар назар аст.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, ҷанубӣ ва ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад) баланд шудани ҳолати олудагии ҳавои атмосферӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

28 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар  асари сухтори шадид дар яке аз маҷмааҳои истиқоматии шаҳри Ҳонконги