Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз санаи 31 октябр то 4 ноябри соли 2025 дар қаламрави ҷумҳурӣ тағйирёбии вазъи ҳаво дар назар аст.
Тағйироти ҳаво:
• Вилояти Хатлон: ҳавои тағйирёбандаи бебориш, танҳо 4 ноябр дар баъзе ноҳияҳо борон меборад; эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 7–12 м/с, аз 3 то 4 ноябр дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10–15 м/с мевазад.
• Вилояти Суғд: ҳавои тағйирёбанда, аз 1 то 2 ноябр бебориш; аз 3 то 4 ноябр дар баъзе ноҳияҳои водӣ борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) эҳтимолан ба амал меоянд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 7–12 м/с, дар баъзе ноҳияҳо то 10–15 м/с.
• Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон: ҳавои тағйирёбандаи бебориш; танҳо 4 ноябр дар баъзе ноҳияҳо боришот эҳтимолан ба амал меоянд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5–10 м/с мевазад.
• Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: ҳавои тағйирёбанда, аз 1 то 2 ноябр бебориш; аз 3 то 4 ноябр дар баъзе ноҳияҳои водӣ борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) эҳтимолан ба амал меоянд.
Тавсияҳо:
• Аз қарор гирифтан дар муҳити кушод дар рӯзҳои хокбориш худдорӣ намоед.
• Барои муҳофизат аз ифлосшавии ҳаво, аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баред.
• Барои ҳаракат дар роҳҳо бо эҳтиёт бошед, махсусан дар рӯзҳои шамолнок ва боронӣ.
• Ба фарзандон ва шахсони осебпазир фаҳмонед, ки аз муҳити ифлос ва ҳавои чангу ғубор дур бошанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки дар ин давра ба тавсияҳо риоя намуда, аз ҳолатҳои фавқулода эҳтиёт кунанд.
Кумита ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки барои пешгирӣ аз оқибатҳои эҳтимолии ҳолатҳои фавқулодда чораҳои заруриро андешанд ва дар ҳолати зарурат ба рақами 112 муроҷиат намоянд.


