5 ноябри соли 2025 дар толори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғоз муовини якуми Раиси Кумита генерал-майор Латифзода Ҳотамшо бо сухани табрикотӣ баромад намуда, аз ҷойгоҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсоз, ки пояи устувори давлати соҳибистиқлол, кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва рамзи ваҳдату ҳамбастагии миллӣ мебошад, ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсия ҳамчун сарчашмаи асосии давлатдорӣ ва кафили суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими пояҳои иҷтимоиву ҳуқуқии кишвар хизмат менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони Кумита бо суханрониҳои худ перомуни арзишу моҳияти Конститутсия, нақши он дар таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва пойдории давлатдорӣ баромад карданд.
Ҷамъомад дар фазои тантанавӣ, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба Қонуни асосии кишвар — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.


