Дар фуруди изтирории чархбол дар бинои осмонхароши Ню-Йорк як тан кушта шуд

Мақомоти оташнишонии Ню-Йорд эълон карданд, ки халабони чархбол баъди фуруди изтирорӣ дар боми як бинои осмонхароши Manhattan Midown Building ин шаҳр кушта шуд. Ин бино аз 59 қабат иборат буда, дар хиёбони Манхэттен ҷойгир будааст.

Ширкати телевизионии CNN истинодан ба идораҳои сӯхторхомӯшкунӣ гуфтааст, ки ҳодиса боиси ларзиши ин сохтмони 54-қабата шудааст ва ҳамзамон дар маҳалли фуруди чархбол оташсӯзии азим рух додааст. Шуморе аз ҳозирон дар сотхмон тахлия шудаанд, вале касе зарар надидааст.
Дар айни замон дар ҷойи ҳодиса ҳудудан 100 нафар аз ҷумлаи кормандони тибб ва наҷотдиҳандагон ва сӯхторхомӯшкунандагон фаъолият доранд.  
Пулиси Ню-Йрк амали террористӣ будани ин нишасти изтирориро рад кардааст ва гуфтааст, ки эҳтимолан ба сабаби торикии ҳаво чархбол болои бом фуруд омадааст. Аммо иллати асосии ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Кохи Сафед эълон кард, ки Доналд Тромп-президенти ИМА дар ҷараёни ҳодиса қарор дода шудааст.

барчасп: