ҲУШДОР: теъдоди ғарқшудагон дар кӯлу ҳавзҳои шиноварии кишвар ба 43 нафар расид, ки 23 нафари онҳо ноболиғонанд

Боз се тани дигар шабонарӯзи гузашта ҳангоми шиноварӣ дар ҳавзу кӯлҳои кишвар ба ҳалокат расиданд. Ду нафари онҳо тифлон буданд, ки яке нав ба синни 13 қадам мегузошт. Падарону модарон ҳамоно дар назорати атфол саҳлангорӣ мекунанд. Аз аввали моҳи июн, ки мавсими оббозӣ расман шуруъ шудааст, бар асари ҳамин гуна беназоратиҳо 23 навраси то 17 сола ҷони худро аз даст дод.

 Бино ба тозатарин хабаре, ки аз қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид, шабонарӯзи гузашта се нафар ҳангоми шиноварӣ дар обҳои вилояти Суғд ҷон доданд, ки ду нафари онҳо тифлон буданд. Аввалӣ 8, дуюмӣ 13 сол дошт ва бузургсолтари онҳо нав синни 18-ро пур карда буд.

 Барои пайдо кардани ҷасади ҳалокшудагон наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб шудаанд ва ҷустуҷӯ идома дорад.

Сабаби ҳалокати онҳо оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, шиноварӣ натавонистан ва бепарвоии волидон мебошад, ки тифлонро дар соҳили обҳо беназорат гузоштаанд.  

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар мешавад, ки ҳузур дар соҳили об диққату таваҷҷуҳи хоса мехоҳад. Дар ҳеч сурате нагузоред, ки фарзандонатон беназорат бошанд. Ҳамчунин набояд дар соҳилҳо ҳангоми тафреҳ нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол намоед, ки ин ҳама боиси ҳодисаҳои нохӯш шуда метавонанд. 

Дар ҳоли рух додани ҳолати фавқулодда ба КҲФ бо телефонҳои: «112»; 93 880 28 19; 223 13-11     занг занед.