Викторинаи телевизони Бадахшон бахшида ба 25 – солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Телевизиони вилоятии Хоруғ бахшида биступанҷумин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон викторинаи телевизионӣ ташкил кард. Ин барномаи хеле ҷолибу шавқовар аз 15 июл шуруъ гардид ва қарор аст то 8 август идома кунад. Дар ҳар барнома дастаҳои ширкаткунанда ба даҳ суол посух медиҳанд. 

Дар таъризи 15 июл дастаи Ниводак аз 10 савол ба 9 савол ҷавоби мукаммал дод ва дар барномаи рӯзи 17-уми июл бошад, се даста иштирок доштанд, ки аз онҳо дастаи ноҳияи Роштқалъа низ ба 9 савол посух гардонида, дастаҳои Корхонаи тавлиди нон ва Мичурин ба 10 савол посухҳои дуруст гардониданд.

Дастаҳои дигар дар ин викторина то санаи 7 уми августи соли равон қувваозмоӣ намуда, мувофиқи нақша санаи 8 уми август дар маросими тантанавӣ ғолибон соҳиби тӯҳфаҳо мегарданд.

барчасп: