Хирси сиёҳ барои хуруҷ аз хонае, ки ворид шудааст, деворро сӯрох кард

Як хирси сиёҳ бо вуруд ба як хона дар Амрико бо хароб кардани девор аз он ҷо фирор кард.  Пулиси минтақи Клорадо мегӯяд, ки ин хиср рӯзи ҷумъа замоне, ки хона холӣ будааст ба дохили он рафта ва ба ҳамин далел ба ҳеч касе осеб нарасондааст.

Идораи пулиси ин шаҳ дар саҳифаи Фейсбук навиштааст: “пас аз ҳузури маъмурони пулис, хирс шуруъ ба сӯрох кардани девор кард, то битавонад аз он фиррор кунад”.

Дар идомаи гузориши худ аз ин рӯйдод пулиси Клорадо навиштааст: “Хирсҳо ҳайвонҳои басо боҳуш ҳастанд ва барои ҳамин мо низ бо худ бошем ва вазифаамонро дар қиболи ин ҳайвони ваҳшӣ ба хубӣ анҷом диҳем”.

Ин идора дар идома аз мардум хостааст “барои таъмини амняти хирсҳо” ҳамеша дарҳо ва панҷараҳои хона ва мошинҳоро баста ва қуфл кунанд ва ҳамеша нисбат ба қуфл будани он  пеш аз ин ки шабҳо бихобанд ё хонаро тарк кунанд,  итминон ҳосил кунанд”.

Бино ба маълумоти идораи Ҳаёти ҳайвоноти  Клорадо хисрҳо тайи даҳ рӯзи охир ба 25 худрав ва  9 хона ворид шудаанд.

Аксҳо аз ВВС

барчасп: