Бонки Осиёии Рушд Ҷумҳурии Тоҷикистонро беҳтарин татбиқкунандаи тарҳҳои ин бонк он донист

Дафтари намояндагии Бонки Осиёии Рушд Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистонро дар миёни даҳ кишваре, ки тарҳҳои ин бонкро татбиқ мекунанд, беҳтарин донист. Масъули иҷрои ин лоиҳа Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад. Директори кишварии БОР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Прадип Сривастава Кумитаро бо ифтихорнома барои татбиқи пурсамар сарафроз гардонд.

  Лоиҳаи милии идораи хатари офатҳо, ки аз моҳи январи соли 2019 шуруъ гардид, ба таҳкими зарфиятҳои Кумита дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, татбиқи идораи коҳиши хатари офатҳо дар муассисаҳои давлатӣ, беҳтар намудан ва густариш додани системаи мониторинг ва хабардоркунии бармаҳали кӯли Сарез ва муҷаҳҳазгардонии Хадамоти зиддижолаи Кумита равона шудааст. 

барчасп: