Берун овардани ҷасади марди 67-сола аз ҳавзи моҳидории Конибодом

Як сокини шаҳри Конибодом дар ҳавзи моҳипарварии ҶСК “Бодом” ғарқ шудааст. Соати 11:41 дақиқаи рӯзи ҷумъа, 6-уми декабри соли равон аз Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом дар бораи ин ҳодиса ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд.

Баъди дарёфти ин маълумот сардори бахши ҳолатҳои фавқулодда бо чанд тан аз наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Аз ҳавз ҷасади марди ношиносро берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Маълум гардид, ки марҳум сокини 67-солаи шаҳр будааст, вале сабаби ба оби ҳавз ғарқ шудани ӯ маълум нест.

Мақомот барои тафтиши рӯйдод тадбирҳо меандешанд. 

Ҳамчунин дирӯз кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе бо даъвату хоҳиши сокинон ду дари бастаро боз карданд.

Шаҳрванд Бахтинисои Абдураҳмон – сокини ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдорӣ занг зад ва хабар дод, ки дараш баста шудаву ӯ дар берун монда ва кӯдаки ноболиғаш дар дохил. Кормандони навбатдор фаврӣ ба суроғаи нишондодашуда рафтанд ва дарро боз карда, тифлро беосеб ба модараш супурданд.

Ҳамин гуна ҳодиса ба сари шаҳрванд Латофатхон Ашӯрова  аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ омадааст. Ӯ ба ниёзе берун рафтаву калидро бо худ нагирифтааст ва дар маҳкам шудаву наметавонад боз кунад. Ба кӯмаки ӯ кормандони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе расиданд ва дарашро боз намуданд.