Баргузории ҷаласаи оғози татбиқи як тарҳи байналмилалӣ дар Душанбе

Дар доираи татбиқи лоиҳаи  «Асосҳои мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим дар деҳоти Тоҷикистон ва Қирғизистон” – и Ҷомеаи ҳамкориҳои бақналмилалии  GIZ, ки аз ҷониби Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ мешавад,  дар шаҳри Душанбе барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти лоиҳа ва таҳқиқотии “Фазо” ҷаласаи тарҳрезии амалиётӣ барои Тоҷикистон баргузор шуд. Ин тарҳ миёни КҲФ ва  GIZ  имзо шудааст.

Лоиҳа барои дастгирии равишҳои муосир ва фаоидаовари идорӣ, табодули маълумот дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ равона шудааст. Маълумоти бадастомада  барои нав кардани нақшаҳои мувофиқшавӣ ва тарҳҳои рушд дар ноҳияҳои Тоҷикистон истифода мешавад. 

Зимни суханронии худ сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, полковник Ҷамшед Камолов ва Директори кишварии Ҷомеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ GIZ хонум Сабина Олтхоф ба муҳим будани иҷрову татбиқи ин лоиҳа барои бунёди зербинои  миллии маълумоти фазоӣ барои тадбирҳои мутобиқшавӣ ба иқлим таъкид намуданд. 

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ оид ба эҷоди зерсохтори фазоии маълумот ва татбиқи техникии онҳо, таҳияи нақшаҳои амалии маҳаллӣ ва харитаҳои мавзӯӣ, тақвияти тавонмандӣ дар минтақаҳои таҷрибавӣ ва ғайра барарсӣ гардиданд.

Дар поёни мулоқот ширкаткунандагон пешниҳодҳои худро дар мавриди таҳияи харитаи роҳ барои соли 2020 ироа намуданд. 

Зикр бомаврид аст, ки лоиҳа дар ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Панҷекат  то соли 2022 татбиқ хоҳад шуд.

барчасп: