Шумори кушташудагон дар вулқони Зелландияи Нав ба 16 нафар расидааст

Пулиси Зелландияи нав ахиран иттило дод, ки як нафар аз гардишгарон, ки барои дармон пас аз фаввораи оташфишон дар бемористон бистарӣ шуда буд,  бар асари ҷароҳатҳои зиёд фавтид. Ҳамин тариқ шумори қурбониёни ин фаввораи оташи вулқон ба 16 нафар расид. Пулис номи ин нав фавткардаро эълон накардааст ва ҳамчунин гуфта нашудааст, ки аз кадом кишвар аст. Вале мақомот гуфтаанд, ки ӯро барои табобат ба Австралия фиристода буданд.

Бино ба гузориши хабаргузориҳо ҳоло ҳудудан 20 нафар дар беморхонаҳо ҷараҳатҳои бардоштаи худро шифо мебахшанд.

Дар бахши дигари хабарҳо омадааст, ки имрӯз ҳам тимҳои наҷот ва имдод барои ёфтани ду ҷасади боқимонда дар ин ҷазира саргарми ҷустуҷӯянд. Гуфта мешавад, ки ҳашт нафар кормандони пулис ва идораи имдод вориди минтақае шуданд, ки гумон меравад ин ҷасадҳо он ҷо бошанд. Аммо намояндаи ин гурӯҳ гуфтааст, ки то кунун ҷустуҷӯи онҳо бенатиҷа будааст.

Тавре пештар ҳам хабар дода будем,  бар асари авҷи оташ дар вулқони Зелландияи Нав чандин нафар аз гардишгарон куштаву захмӣ ва теъдоди нопадид шуданд. Рӯзи аввали ҳодиса пулиси Зелландияи Нав эълон карда буд, ки дар ин фоҷеа 23 нафарро наҷот додааст, аммо мегуфт вазъияти минтақа ба ҳадде хатарнок аст, ки ба роҳандозии корҳои наҷот низ монеъ мешавад. Артиши Зелландияи Нав низ барои кумак ба пулиси имдод ба ин минтақа эъзом шуда буд.

 Маълумоти бештар ин ҷост: Фаввораи оташфишони Зелландияи Нав сабаби ҳалокати 5 нафар шуд (Видео)

 

барчасп: