Сардори Раёсат подполковник Раҳимзода Аъзам Имониддин

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999, №479 шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳамчун як ҷузъи сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 ноябри соли 2006, №9 "Дар бораи такмили сохторҳои мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"  ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №611 ба сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ тағйирот ворид карда шуда, дар заминаи шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №547 сохтори мавҷудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав тасдиқ  гардида, айни замон аз ду шуъба иборат аст:

1. Шуъбаи ташкили ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъминоти протоколӣ;

2. Шуъбаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии кумакҳои башардӯстона.

Раёсат дар доираи ваколатҳои худ якҷоя бо сохторҳои дахлдори Кумита лоиҳаҳои созишномаҳои байналмилалиро таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод менамояд.

Илова бар ин, дар асоси созишномаҳои байналмилалии ҳамкорӣ Кумита фаъолияти мутамаркази робитаҳои хориҷиро таъмин менамояд.

Раёсат дар навбати худ расонидани кӯмаки башардӯстонаро ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида назорат менамояд.