Сардори Шуъбаи КҲФ ва МГ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

Бо мақсади ташкил намудани ҳамоҳангсозӣ миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб,  инчунин ба роҳ мондани идораи муташаккилона ва саривақтии фаъолияти фаврӣ, беҳтар намудани мутобиқати амалҳо дар ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ, техногенӣ, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 547 Шуъбаи Кумита дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон таъсис дода шуд. То қабули қарори мазкур, Шуъба бо номи Ситоди минтақаи Кулоб дар ҳайати Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Хатлон ба ҳисоб мерафт.