Ҳавопаймои украинӣ бо садуҳаштод мусофир дар Теҳрон сарнагун шуд

Ҳавопаймои украинии Боинг-737 бо 180 мусофир дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Имом Хумайнии шаҳри Теҳрон сарнагун шуд. Дар ин бора хабаргузории эронии Тасним иттилоъ дод. Ин ҳавопаймо аз Теҳрон ба самти Киев дар ҳоли парвоз буд. Хабаргузорӣ гуфтааст, ки ҳодисаи сарнагунии ҳавопайморо сарвари фурудгоҳ тасдиқ кардааст ва хабар додааст, ки тайёра баъди он ки ба ҳаво хест, ба замин сарозер шуд.

Дар бораи ҳалокшудагон ва зарардидагон иттило дода нашудааст. Ҳамчунин дар бораи иллати сарнагун шудани ҳавопаймо низ маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Аммо раиси Созмони имдод ва наҷоти ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфтааст, ки “баъид медонам касе аз мусофирону сарнишинони ин ҳавопаймо зинда монда бошанд. Хушбахтона ба манзили одамон хисорат нарасидааст”.

Дар шабакаҳои  иҷтимоӣ аллакай наворҳои видеоӣ дар гардишанд, ки оташ гирифтани ҳавопайморо нишон медиҳанд. Азбаски ин навор дар торикии шаб гирифта шудааст, наметавон ҷузъиёти бештарро мушоҳида кард.

ИРНА-хабаргузории расмии Эрон навиштааст, ки ҳоло мошинҳои ёрии таъҷилӣ оҷил ба маҳалли ҳодиса ҳозир шудаанд ва корҳои имдоду наҷот дар ҷараёнанд.

Мақомоти эронӣ гуфтаанд, ки ба зудӣ хабари муфассале аз ин рӯйдодро расонаӣ хоҳанд кард. 

барчасп: