Вохурӣ оид ба пешгирии коронавирус

Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо бемории коронавируси COVID-19 ва тарғибу ташвиқоти тарзи ҳаёти солим дар Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёти Кумита вохурии ҳайати шахсӣ бо намояндагониМаркази назорати давлатии санитарӣ эпидемологии шаҳри Душанбе Раҷабов Д. ва Салимов А. вохурӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар рафти вохурӣ мутахассисони Марказба кормандони Раёсати Кумита оид ба ин беморӣ, усулҳои муҳофизат, сабабҳо, зуҳуроти клиникии ин беморӣ маълумоти муфассал пешниҳод доданд.

Кормандони Раёсати Кумита ба саволҳои худ посухҳои возеҳ  гирифтанд. Дар анҷоми вохурӣ ба иштирокчиён буклетҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

барчасп: