Барфи Душанбе. Чаро ронандагон ба огоҳиҳо таваҷҷуҳ намекунанд?

Аз нимашаби гузашта ҳавои боронии Душанбе барфӣ шуд. Қарибиҳо саҳар аз садои шикастани дарахти бузурги паси хона бедор шудам. Атрофи шинохта намешуд. Мегуфтӣ зимистон аст ва ҳатто Душанбе зимистон ин гуна барфпӯш набуд.

Дарахти азим дар рӯ ба рӯи хонаи мо аз бори азими барф чаппагардон шуд. Роҳеро баст, ки чаҳор мошин дигар роҳи баромад надоштанд.

Ҳамеша вақте огоҳиҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода мекунем, ронандагонро ҳушдор медиҳем, ки мошинҳои худро зери дарахтону симчӯби интиқоли барқ ва зери деворҳои харобу пояҳои ларзони рекломҳо нагузоранд. Аммо гӯши шунаво камтар, чашми хоно низ, то аз ин маслиҳату машварат кор гирад. Ин чаҳор мошине, ки ҳоло банд монда буданд, дар як пайроҳаи танг, байни буттаву дарахтон ҷо дода шуда буданд. Соҳибонашон дар хона бафароғат мехобиданд, ки дарахти азим чаппа шуд ва роҳи хуруҷашонро баст.

Хушбахтона, ин дарахт ба мошинҳо осеб нарасонида буд. Он танҳо роҳро баставу имкони бурун рафтани онҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ карда бу. Вақте субҳ дамид, соҳибони мошинҳо пайдо шуданд ва ба ҷунбуҷул даромаданд. Баъдҳо дида шуд, ки на як, балки ду дарахт шикаста будааст. Яке роҳи баромадро  масдуд кардааст ва дуюмӣ дар мобайн афтода буд. 

Ронаданҳо бо ёрии дӯстонашон ҳарчанд талош карданд, дарахтро аз ҷон ҷунбонида наметавонистанд. Мошине оварданд ва дарахтро ба он баста, кашиданд. Вале зӯри мошин ҳам нарасид.

Билохира арраву табар оварданд ва дарахтро буриданд, мошин онро кашид ва боз ҳам ниме аз роҳи асосӣ баста шуд.

Ин танҳо як мушоҳида буд ва шояд имшаб дар гӯшаву канори пойтахт даҳҳо ин гуна ҳодисаҳо дида шуданд. Вақте ба кор меомадам, медидам, ки сари роҳ пур аз шохи дарахтони шикаста аст.

Ҳамин гуна ҳодиса дар кўчаи Фирдавсӣ 5/15 низ рух додааст. Ин ҷо дарахте шикаста, дар ноқили барқ дармондааст. Дастаи зудамали Раёсати Кумитаи њолатњои фавќулодда дар шањри Душанбе соати 03:48 дақиқа ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва мушкилро рафъ намуданд.

Мурод аз ин навиштаҳо бори дигар ҳушдор ба ронандагон аст. Тасаввур кунед агар дар ҳолати ёдшуда дарахт болои мошинҳо чаппа мешуд, пас ҷуброни зарари он ба соҳибони мошинҳо осон буд? Чаро ронандагон саҳлангорӣ мекунанд? Чаро ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намекунанд? Ба расмҳо бадиққат назар кунед ва аз рӯйи инсоф бигӯед, ки оё ҳамин ҷойе буд, ки чаҳор мошинро гузоранд?

барчасп: