Дуюмин рӯз аст, ки корҳои поксозӣ дар канали Заркамар идома доранд

Ҳадафи аслии роҳандозии корҳои таблиғотӣ ин ҷалби таваҷҷуҳи аҳолӣ ба хатари офатҳои табиӣ мебошанд. Кормандони КҲФ мехоҳанд одамон тасаввуроти рушантаре дар бораи  офатҳо ва сабабҳои сар задани онҳо дошта бошанд, то хатари офатҳо камтар шавад. Аз ҷумлаи ин корҳои пешгирӣ сари вақт тоза намудани каналу ҷӯйборҳо аз ҳар гуна хасу хаспора ва лою лойқа, ҳамчунин мустаҳкам намудани бахшҳои осебпазири соҳилҳо мебошад, ки дар сурати боришоти зиёд об аз маҷро хориҷ нашавад ва ба сокинон зарар нарасонад.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагони Ҳукумати ноҳияи Шаҳринав ва сокинон дар канали Заркамари деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанов бо истифода аз экскватри махсуси КҲФ корҳои саҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза кардани ҷӯю заҳбурҳоро роҳандозӣ карданнд. 

Ин дуюмин шабонарӯз аст, ки корҳои тоза намудани бештар аз 400 метр канал аз ҳар гуна партовҳо ва мустаҳкам намудани соҳилҳои он идома дорад. Ҳамзамон бо ин кормандони КҲФ дар миёни аҳолӣ оид ба пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода корҳои таблиғотӣ анҷом медиҳанд. Дар айни замон корҳои соҳилбандӣ ва поккорӣ идома доранд. 