Суҳбатҳои муфид дар бораи короновирус дар қисмҳои ҳарбӣ

Дар ду қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ кормандони Кумита миёни сарбозону афсарон корҳои таблиғотии зидди вируси КОВИД-19 ба роҳ монданд.

Дар ин дидору мулоқотҳо ба сарбозон дар бораи вируси наве, ки бо номи КОВИД-19 ҷони оламиёнро дар хатар гузоштааст, маълумот доданд. Сабабҳои густариши онро гуфтанд, дар бораи роҳҳои ҳифзи саломатӣ сухан ронданд.

Ба сарбозон гуфта шуд, ки ин вирус аз инсон ба инсони дигар бо кадом роҳҳо сироят мекунад ва барои гирифтор нашудан бояд чӣ кор кард.

Ҳамчунин дар ин дидорҳо дар бораи нишонаҳои беморӣ ва кумакҳои аввалияи тиббӣ низ сухан рафт.

Мутахассисон ба сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбӣ гуфтанд, ки омили аслии сироят нашудан ба ин беморӣ ин риояи басо ҷиддии беҳдошт, истифодаи маскҳои тиббӣ, истеъмоли ғизои солим ва ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим мебошад. 

Дар поёни дидор ба ширкаткунандагон варқаву китобчаҳои таблиғотӣ, ки ба бисёре аз суолҳо ҷавоб дода метавонанд, тақсим карда шуданд.

барчасп: