Арзи сипос. Сокини ноҳияи Кушониён дар “Ҷумҳурият” навиштааст

2 августи соли равон, тахминан соатҳои 18:00, оилаи Муҳаббатовҳо аз самти шаҳри Бохтар бо мошини мусофиркаш ба самти ноҳияи Вахш сафар мекарданд. Ронанда аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, дар деҳаи Ворошилови деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ба садама дучор шуд. Автомобил ба тарафи рости роҳ баромада, аз болои пули мошингузари деҳа ба канали об афтида, дар ҳолати ғарқшавӣ қарор дошт.

Дарҳол худро дар об партофта, шинокунон мусофирони нақлиёт - Кимиё Сафарова, ноболиғон Қ. Муҳабатова, У. Муҳабатов ва М. Муҳабатоваро, ки нафасгир шуда буданд, аз дохили об берун бароварда, ёрии аввалини тиббӣ расонда, наҷот додам.

17 августи соли ҷорӣ дар Рӯзи таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон маро даъват намуда, аз номи раиси кумита Рустам Назарзода бо медали «Иштирокчии рафъи ҳолатҳои фавқулода» сарфароз гардонданд. Инчунин, аз тарафи раёсати кумита дар вилоят бо туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ шудам.

Мехоҳам барои чунин қадрдонӣ арзи сипоси худро аз тариқи рӯзномаи бонуфузи кишвар «Ҷумҳурият» ба роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, раёсати кумита дар вилояти Хатлон ва шуъбаи он дар ноҳияи Кӯшониён расонам.

Манучеҳр МАҲКАМОВ,
сокини ноҳияи Кӯшониён.

Асли нома ин ҷост: Арзи сипос