Медал ва ифтихорномаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тақдим шуданд

Имрӯз, 7-уми сентябри соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба муносибати  пурра сохта, ба истифода додани хонаҳои истиқоматии шаҳрвандоне, ки аз офатҳои табиӣ зарар дида буданд, аз номи Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси ноҳияи Хуросон медали “25 - солагии таъсисиёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим гардид. Роҳбарони ташкилоту идораҳои ноҳия, ки дар бартарафкунии офатҳои табиӣ саҳми сазовор гузошта буданд, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

Ҳамзамон бо ифтихорономаҳои Раиси ноҳияи Хуросон Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник М.Салимзода, сардори Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон полковник С.Исозода ва як қатор хизматчиёни ҳарбии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шудаанд.

Инчунин аз ҷониби Муассисаи давлати беморхонаи бемориҳои сил дар вилояти Хатлон бо нақлиёти махсуси сайёри рентгении рақамӣ дар  Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон 51 нафар афсарон ва хизматчиён аз ташхис гузаронида шуданд. Ин ташхис нишон дод, ки вазъи саломати хизматчиёни ҳарбии Раёсат хуб буда, дар байни онҳо бемории сирояти нави короновирус (COVID-2019) ба қайд гирифта нашудааст.

 

 М.Муйдинов