Covid-19: Шумори қурбониёни коронавирус дар олам аз 1 миллиону 300 ҳазор гузашт. 11 ҷаҳонгарди Русия дар Туркия аз КОВИД-19 фавтиданд

Субҳи имрӯз шумори мубталоён ба Covid-19 дар олам 46 миллиону 823 ҳазору 515 нафар эълон шуд. То кунун аз ин беморӣ 1 миллиону 205 ҳазору 321 нафар ҷони худро аз даст доданд. Шабонарӯзи гузашта бар асари коронавирус дар кулли кишварҳои олам 1 200 нафар фавтиданд. Бино ба м аълумоти расмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то кунун аз ин беморӣ 33 миллиону 756 ҳазору 847 нафар пурра муолиҷа шуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми дирӯз аз ифшои 37 мубталои нав ба коронавирус хабар дод. Ин манбаъ гуфт, ки аз аввали пандемия дар кишвар 11054  нафар чун сироятёфта ба КОВИД-19 сабт шудаанд. Аз ин теъдод 10283 (93,0% нафар шифо ёфтаву 82 нафар фавтидаанд. 

Британияи Кабир аз 5 ноябр то 2 декабри соли равон карантини сартосарӣ эълон хоҳад кард.  

Ирландия низ ин ҳафта ба низоми шадиди карантин гузашт.

Олмон аз имрӯз,2 ноябр то 1 декабр тадбирҳои шадиди зиддикоронаӣ эълон намуд.   

Ба дунболи Олмон Фаронса низ даст ба иқдомоти шадидтар зад. Дар ин кишвар аз 30 октябр карантин ҷорӣ шуд ва қарор аст он ҳаддиақал то моҳи декабр идома кунад. 

Дар Белгия низ дубора карантин эълон шуд.

Австрия аз 3 ноябри соли равон ба муддати як моҳ дар саросари кишвар карантин эълон мекунад.

Ҷумҳурии Чех дар олам дар фавти одамон бар асари COVID-19 дар як ҳафта ҷойи аввалро ишғол кард. 

Дар Эрон шабонарӯзи гузашта аз COVID-19 434 нафар фавтиданд ва ин аз замони авҷи коронавирус ҳадди рекордӣ дониста мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуотии вазорати тандурустии Эрон хабар дод. 

Дар Туркия дар мавсими сайру саёҳат 11 нафар ҷаҳонгардон аз Русия аз сироят ба SARS-CoV-2 ба ҳалокат расидаанд.  

Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 18 665 нафар мубталои нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Бештари ин сироятшудагони нав дар шаҳрҳои Москав - 5261 (4952 нафар рӯзе қабл), Санкт-Петербург - 896 ва Подмосковйе — 545 буданд.

Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 465 нафар чун мубталои нав ба  COVID-19 ва 216 илтиҳоби коронавирусӣ сабт шуд.

Мақомоти Қирғизистон аз 565 сирояти нав хабар доданд.  

Рӯзи якшанбе шумори беморони гирифтор ба коронавируси нав дар Ӯзбекистон 169 нафар афзуд. Аз оғоз то ба имрӯз дар ин кишвари ҳамсоя 67 101 нафар мубталои КОВИД-19 ба қайд гирифта шудааст.