ВОКСАНИ НАВИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС. Ширкати тавлидкунанда мегӯяд ин воксан дар пешгирӣ аз сироят дар 90% муваффақ буд. Мутахассисон чӣ мегӯянд?

Донишмандон муваффақ ба сохтани аввалин воксани самаровар зидди коронавирус шудаанд ва мегӯянд он 90% аз ин вирус ҳимоят мекунад. Ин воксанро ширкатҳои Pfizer ва BioNTech тавлид кардаанд ва гуфта мешавад, ки ин рӯз як рӯзи бузурге дар таърихи илм сабт хоҳад шуд. Дар озмоишҳои клиникии он 43500 нафар дар шаш кишвари олам ширкат кардаанд ва то кунун ягон аксуламали манфӣ надоштааст. Қарор аст зарфи як ҳафтаи охир онҳо барои дарёфти муҷаввизи тавлиди ин воксан дар Амрико иқдом кунанд.

Ду меъёри воксан бо танаффуси се ҳафта ворид карда мешавад. Ва чуноне санҷишҳои клиникӣ дар ИМА, Олмон, Аргентина, Бразилия, Африқои Ҷанубӣ ва Туркия нишон доданд, баъди 7 рӯзи ворид кардани меъёри дуюм ҳимояи 90% аз коронавирус ҳосил шудааст. 

Ширкати Pfizer гуфтааст, ки метавонад то охири соли ҷорӣ 50 миллион меъёри истифодаи воксанро омода кунад ва охири соли 2021 наздик ба 1,3 миллиард меъёри истифода истеҳсол хоҳад кард. 

Ин воксан бояд дар ҳарорати паст -80°C нигаҳдорӣ шавад. Аммо то кунун ширкатҳои тавлидкунанда маълумоти илмии таъсиргузор будани ихтирои худро пешниҳод накардаанд. 

То кунун аз тавлиди воксанҳои зиёде дар чандин кишвари олам хабар дода мешуд. Аммо хабари мазкур то ҳадде умедворкунанда аст, ки ҳатто тавлидгаронаш мегӯянд ин як кушоиши илмиест, ки дар таърихи башар хоҳад монд. Ин воксан то куҷо муассир хоҳад буд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ то куҷо ба муваффақияти он метавонад умед бандад? Бо ин суол ба Абдуллоҳи Давлат, духтури шинохтаи тоҷики муқими Москав муроҷиат кардем. Инак посухи ӯ:

 

Хабари хуше расидааст, ки ширкати BioNTech дар ҳамкорӣ бо Pfizer ва Fosun Pharma марҳилаи сеюми санҷиши воксине аз коронавируси нави SARS-CoV-2 ба анҷом мерасонанд.

Аз сабаби он, ки ин вирус чун вирусҳои дигар организми зинда нест, сохтани воксанаш хеле ва хеле кори сахт аст. Аз сӯйи дигар, ҳамаи олимону мутахассисони дунё мегӯянд, ки антибодиҳои (антителаҳои) бар зидди Ковид-19 пайдо шуда баъди 3-6 моҳ аз байн мераванд. То куҷо воксин дар ин шароит мутаассир мешуда бошад?

Иммуноҳлобулинҳои G, ки дар хуни худам пайдо шуда буданд, пас аз 1 моҳ 115 буданду баъди 3 моҳ 168 ва баъди 5 моҳ (06.10.2020 с.) ба 147 пойин шуданд. Аз ин хулоса мешавад, ки олимону мутахассисони соҳа дуруст гуфтаанд, ки ба тадриҷ масунияти иммуноҳлобулинӣ аз байн меравад.

Аммо, дар баробари ин, масунияти ҳуҷайравӣ (Cell-mediated immunity) ҳам ҳаст, ки якумрист.

Ихтироъгарони воксини нав мегӯянд, ки аз кислотаи рибонуклеинии вирусӣ (вируси РНК) истифода кардаанд.

Агар чунин бошаду воқеан воксини нав тавонад ҳар намуди кислотаи рибонуклеинии коронавируси SARS-CoV-2-ро вайрон кунад, хеле муваффақият аст! Чаро, ки ҳар як вируси SARS-CoV-2 аз дигараш фарқ дорад, вале, кислотаи рибонуклеинии онҳо як сохтор дорад.

Ва баъд, ширкати дорусозии Пфайзер (Pfizer) яке аз қадимтарин ва шинохтатарин дар бозори истеҳсолу фурӯши маводҳои тиббист ва табиист, ки дар истеҳсоли ҳар маводи шубҳаангез худро олуда намекунад.

Пас, умед аст, ки дастоварди BioNTech, Pfizer ва Fosun Pharma воқеан ҳам дар аз байн бурдани ин уфунии ҳамагири чинӣ муваффақ мешавад!

Ҳарчӣ набошад, то ба роҳ мондану истеҳсол кардану ба бозор баровардану ба мо расидани ин воксин фурсат лозим. Яъне, воксин ҳоло аз мо дур асту Ковид-19 дар инҷост - аз чораҳои пешгирӣ сахт бигирем, то коронавируси навро SARS-CoV-2 дур шаваду ҳазфкунандааш наздик...