Пажӯҳиш: . Наздик ба 18% сироятшудагон ба COVID-19 афроде ҳастанд аз 65-сола боло, 8% кӯдаконанд

Шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар олам ба 55 миллиону 349 ҳазору  611 нафар расид. Зарфи 24 соати гузашта боз 154 ҳазору 185 нафар ба ин вирус сироят шуданд ва 2 239 нафар ҷон бохтанд. Шумори фавтидагон аз коронавирус дар олам 1 миллиону 332 ҳазору 328 нафар эълон шуд.  Беш аз 43%  ҳодисаи сироят ба вирус дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ (230 670) ба қайд гиифта шудааст. Дар ҷойи дуюм минтақаи аврпуоии Сайёра (213 619) ва сеюм Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (41 383) мебошанд.

Шоми гузашта  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 39 ҳодисаи нави бемории COVID-19 сабт шуда, шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  11 ҳазору 649 нафар расидааст. Аз ин беморӣ то кунун 11 019 (94,6%) муолиҷа шуда, 85 нафар фавтидаанд. 

Наздик ба 18%  сироятшудагон ба COVID-19  афроде ҳастанд аз 65-сола боло, 8% кӯдакон, 74% калонсолон

Воксане, ки ширкати амрикоии Moderna сохтааст, то кунун, дар сеюмин марҳилаи озмоиш то 94,5% самароварии худро исбот кардааст. 

Ҳукуматдорони Британияи Кабир эълон карданд, ки аввали баҳори соли оянда воксани ширкати амрикоии Moderna барои истифода ворид карда хоҳад шуд.

Ҳукумати Словения низоми эпидемиро дар кишвар боз 30 рӯзи дигар тамдид намуд. Дар ин ҷумҳурии аврупоӣ баргузории ҳама гуна тадорукоти дастаҷамъӣ манъ аст, мактабҳо фаъолият намекунанд, кори муассисаҳое, ки ҳаётан муҳим нестанд, боздошта шудаанд. 

Дар Ҷопон зарфи шабонарӯзи гузашта боз 923 сироятшудаи нав ба COVID-19-ро сабт кардаанд.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар бораи гуфтушунидаш бо ҳамтои русиягии худ Владимир Путин дар бораи бунёди корхонаи тавлиди воксани русӣ дар кишвараш хабар дод.  Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 588 нафар мубталои нав сабт шудааст.

Сокинони Шветсия аз рияои тавсияҳои мубориза бо коронавирус сар мепечанд, аз ин рӯ ҳукуматдорон тасмим гирифтанд ҷамъомадҳои беш аз 8 нафарро расман манъ кунанд, гуфт сарвазири ин кишвар Стефан Лёвен. Аз ин пештар сарҷамъии то 300 нафар иҷозат буд.  

Дар Украина шабонарӯзи гузашта 9832 нафар сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуда, 94 нафар ҷон додаанд. То кунун дар ин кишвар аз ин беморӣ 9697 нафар фавтидаанд.  

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 22 778 нафар ба COVID-19 сироят шудаанд, ки 24,8 дарсади онҳо аломати беморӣ надоштаанд.