Covid-19: Шумори гирифторон дар олам аз 59 миллион гузашт. Дар ИМА эмкунии саросарӣ аз Covid-19 11 – уми декабр оғоз мешавад

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз сирояти 59 миллиону  037 ҳазору  491 нафар ба Covid-19 дар олам хабар дод. Шабонарӯзи гузашта боз 158 ҳазору 655 нафар ба ин вирус сироят шуданд ва 2 407 нафар фавтиданд. Аз оғози ҳамагирӣ то ба кунун 1 миллиону 394 ҳазору 511 нафар ҷон бохтанд. Шумори пурра муолиҷашудагон 40 миллиону 797 ҳазору 173 нафар эълон шуд ва гуфта мешавад, ки ҳоло дар олам 103 ҳазору 081 нафар вазъи хеле вазнин доранд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон аз сирояти боз 40 нафар хабар дод ва гуфт, ки шумори умумии гирифторон ба КОВИД-19 дар кишвар ба 11 894 нафар расидааст. Тибқи иттилои манбаъ то кунун аз ин вирус 11 271 (94,7%) нафар муолиҷа шудаву 86 нафар фавтидаанд. 

Як сабаби аслии мавҷи нави коронавирус ва вогир шудани он дар Аврупо набудани омодагӣ дар моҳҳои тобистон буд ва агар боз ҳам бепарвоӣ идома ёбад, пас яқинан аввали соли 2021 мавҷи сеюми ин вируси кушанда фаъол хоҳад шуд, - гуфтааст фиристодаи вижаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  Дэвид Набарро дар суҳбаташ бо гурӯҳи ноширони CH Media, ки дар рӯзномаи Badener Tagblatt чоп шудааст.

Моҳи ноябр дар ИМА беш аз 3 миллион нафар (3 002 082 ) мубталои коронавирус шуданд. Ин болотарин нишондиҳанда аз моҳи м арти соли равон будааст.  

Монсеф Слауи – сарвари барномаи эмкунии аҳолии ИМА рӯзи гузашта хабар дод, ки амрикоиҳо дарёфти воксан аз Covid-19 – ро аз 11 декабр оғоз мекунанд. 

Шабонарӯзи гузашта шумори мубталоён ба коронавирус дар Британияи Кабир беш аз 18,6 ҳазор нафар афзуда, теъдоди беморон ба 1 512 045 расид.  

Таҳлилграони фаронсавӣ аввалин ҳодисаи гирифтории вашақ ба коронавирус дар ин кишварро ошкор карданд. Ҳоло тасмим гирифта шудааст, ки 1 ҳазор аз ин ҳайвон дар як мазрааи парваришӣ нобуд карда мешавад. 

Ҷумҳурии Корея аз 24 ноябри соли равон дар пойтахти кишвар сатҳи фосилаи иҷтимоиро боло мебарад.

Ифшои ду сироятшуда дар шаҳри Манчжоулии марзи Забайкал водор кардааст, ки ҳукуматдорони Чин дар ин шаҳр карантин эълон кунанд. Ҳоло барои аз тест ба коронавирус гузаштани кулли сокинони ин шаҳр омодагӣ мебинанд. Ҳаркати қаторҳо ба ин шаҳр ва аз ин шаҳр ба самтҳои дигар боздошта шудаанд. То кунун дар ин кишвар ҳамагӣ 17 нафар ба нишони сироят ба КОВИД-19 бистарӣ шудаанд. Се нафари онҳо сироятшудагони дохилӣ ва боқимондаҳо мусофироне буднд, ки аз хориҷи кишвар омадаанд. 

Дар Кореяи Ҷанубӣ шабонарӯзи гузашта 330 ҳодисаи сироят ба коронавируси навъи нав ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бораи Маркази назорат ва пешгирии коронавируси нав дар ин кишвар хабар дод.

Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтанд, ки масъалаи гардишгарии дохилиро ба далели афзоиши коронавирус  мутаваққиф кунанд.  

Дар Юнон бори аввал аз замони  панемия дар як шабонарӯз 108 нафар фавтиданд ва мақомот онро ҳадди рекордӣ номиданд. 

Дар Туркия шумори умумии мубталоён ба коронавирус ба 446 ҳазору 822 нафар расидааст.  Аз ин беморӣ дар ин кишвар то кунун 12 358 нафар фавтидаанд.  

Русия боз 25 173 мубталои нави COVID-19-ро ба қайд гирифтааст, дар як шабонарӯз 361 нафар ҷон бохтаанд. Мақомоти тандурустии ин кишвар мегӯянд аз чор як ҳиссаи сироятшудагон аломати беморӣ надоштанд.  

Арзиши воксани русии "Спутник V" назар ба воксани Pfizer ва Moderna камтар хоҳад буд. Дар ин бора рӯзи якшанбе хабар дода шуд.   "Қимати эъломшудаи $19,5 барои ҳар вояи истифода ба воксани Pfizer ва $25-37 барои воксани Moderna дар ҳақиқат ба он маъност, ки қимати воқеъӣ $39 ва $50-74 доллар ба ҳар одам аст. Як нафар бояд ду маротиба эм карда шавад ва дар қиёс арзиши воксани  Sputnik V каме поинтар хоҳад буд”, - омадааст дар гузориш.

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Қазокистон боз 716 сироятшудаи нав сабт шудааст ва шумори умумии мубталоён дар ин кишвар ба 126 182 нафар расидааст.  

Дар Қирғизистон бошад теъдоди сироятшудагон дар 24 соати охир 304 нафар эълон шуд ва то кунун ба ин вирус 69 885 нафар гирифтор шудаанд.  Ҳамчунин мақомот гуфтаанд, ки шабонарӯзи гузашта 6 нафар аз ин беморӣ ҷон додаву шумори умумии фавтидагон ба 1237 нафар расидааст.

Дар шабонарӯзи гузашта мақомоти тандурустии Ӯзбекистон аз сирояти 42 нафар хабар доданд. Гуфта мешавад, ки то ба имрӯз шумори умумии мубталоён дар ин кишвари ҳамсоя ба 71 659 нафар расидааст.