Оғози як давраи омӯзишии чоррӯзаи онлайн барои кормандони КҲФ

Дар доираи татбиқи минбаъдаи лоиҳаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд  «Лоиҳаи миллии мубориза бо офатҳои табиӣ» дар заминаи Маркази таълимию методии ҷумҳуриявӣ, дарсҳои онлайнии назариявӣ ва амалӣ барои хидматҳои инфиродии КҲФ оғоз гардиданд.

Дар тӯли 4 рӯз кормандони идораи наҷоти кишвар дар асоси курсҳои онлайн бо усулҳои навини кор дар самти муайян ва мушаххас кардани минтақаҳои нави хатарноки табиӣ шинос хоҳанд шуд. Дар вақти омӯзиш аз квадрокоптерҳо истифода хоҳанд кард.

Дар ин омӯзишҳо ҳамчунин аз кишвраҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ширкат мекунанд. 

Дар ҷараёни дарсҳо кормандони КҲФ Тоҷикистон аз таҷрибаҳои худ дар мавриди истифодаи квадрокоптерҳо дар фаъолиятҳои ҳаррӯза ҳикоят карданд. 

барчасп: