Covid-19: Шумори гирифторон дар олам аз 61 миллион ва дар Тоҷикистон аз 12 ҳазор гузашт. Болотарин сатҳи марг дар Русия: 524 нафар дар як шабонарӯз

Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам аз 61 миллион гузашт. Тибқи охирин хабари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то ин лаҳзаҳо дар саросари олам 61 миллиону 331 ҳазору 706 ҳодисаи сироят ба Covid-19 ба қайд гирифта шудааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта боз  153 991 мубталои нав сабт шудааст. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 438 ҳазору 096 нафар фавтидаанд. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар кишвар шумори мубталоён ба коронавирус ба 12 044 нафар расида, аз ин беморӣ 11437 (95,0%) нафар муолиҷа шудаанд. Аз оғози ҳамагирӣ то кунун 86 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Беш аз 40% ҳодисаи сироят ба КОВИД-19 дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ (236 413) мушоҳида шудааст, дар ҷойи дуюм минтақаи Аврупо (234 400) ва дар ҷойи сеюм Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (56 019).

Шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси нав метавонад дар Британия дар давраи солинавӣ боз ҳам афзоиш ёбад, агар сокинон чораҳои зарурӣ андешанд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе сардухтури санитарии Англия хабар дод.

Олмон дувоздаҳумин кишваре шудааст, ки дар он шумораи умумии сироятёфтагон  аз як миллион гузашт.

Дар Италия зарфи як шабонарӯз ҳам сироят ва ҳам марг бар асари коронавирус афзудааст. Зарфи 24 соати гузашта  29 003 ҳодисаи нави сироят ба қайд гирифта шуда, аз ин беморӣ 822 нафар ҷон додаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки як рӯз қабл фавтидагон аз ин беморӣ 722 нафар буданд. 

Ҳукуматдорони Швейсария тасмим гирифтанд, ки истироҳатгоҳҳои лижарониро баръакси дигар кишварҳои аврупоӣ набанданд. 

Рӯзи панҷшанбе ҳукумати Хорватия аз авҷи рекордии сироятшудагон дар як шабонарӯз хабар дод. Дар ин кишвар 4009 нафар сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуда, 51 нафар ҷон додаанд.

Ҳукумати Словения маҳдудиятҳои карантинро бинобар вазъи вазнин дар паҳншавии коронавирус тамдид кард. Қарори интиқоли ҳамаи донишҷӯён ба таҳсилоти фосилавӣ, манъи фурӯши молҳо, қуюди шабгардӣ ва манъи ҳаракат миёни шаҳрҳо бе ягон заруратро боз як ҳафта тамдид намуд. 

Юнон низ низоми инзивоъро то 7 декабр тамдид кард. Сабаб авҷи сироят ба КОВИД-19 дар кишвар аст.

Ҳукумати Гурҷистон тасмим гирифт, ки дар доираи ташдиди чораҳои зиддиуфунӣ аз 28 ноябр то 31 яанвари соли оянда фаъолияти кулли тарабхонаҳо, муаассисаҳои савдо ва ҳатто кори нақлиёт дар шаҳрҳои бузургро боздорад. 

Ҳамагирии коронавирус  муборизаи 25-солаи гендериро ба сифр баробар кард, - омадааст дар маърӯзаи СММ дар бораи вазъ дар олам. Бар асари Covid-19 занонро лозим меояд бештар дар хона кор кунанд, онҳо имкониятҳои кориву дарёфти маълумотро аз даст медиҳанд, ҳамзамон ба мушкилоти дигари ҷисмониву рӯҳӣ мепечанд. 

Тибқи иттилои СММ, ҳатто пеш аз пандемияи коронавирус, ҳаҷми корҳои бемузд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла корҳои хона, дар як рӯз 16 миллиард соатро ташкил медод. Аз чор се ҳиссаи ин корро ҳамеша занон иҷро мекарданд, яъне барои ҳар як соати кори бемузди мардон се соати "занона" рост меояд. Аммо аз сабаби Covid-19, бори занон гаронтар шуд.

Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 25 487 нафар сироятшудаи нав сабт шуд, сеюмин шабонарӯз аст, ки дар ин кишвар маргумир аз коронавирус ба ҳадди рекордӣ расидааст. Дар 24 соати гузашта 524 нафар ва рӯзе қабл 507 нафар ҷон бохта буданд. 

Дар Русия санҷиши тестии коронавирус аз рӯи оби даҳон таҳия шудааст, ки зарфи 25 дақиқа мавҷудияти вирусро ошкор мекунад. Ҳоло барои санҷиши клиникӣ ва сабти давлатии омодагӣ мегиранд. 

Дар Қазоқистон 820 мубталои нав ба қайд гирифта шудааст, аз оғоз то ба ин дам дар ин кишвар шумори сироятёфтагон ба 128 400 расидааст.

Қирғизистон аз ифшои боз 427 сироятшудаи нав хабар дод ва аз оғози ҳамагирӣ дар ин кишвар 71 171 нафар олудаи ин вирус шудаанд.

Шумори мубталоён дар Ӯзбекистон ба 72 289 (+62) нафар расидааст. Дар Ӯзекистон қарор аст озмоишгоҳи вирусшиносӣ сохта шавад. Он барои рушди биотехнология ва такмили системаи амнияти биологии кишвар, таъмини ҳамгироии илм, таълим ва истеҳсолот сохта мешавад.