Ёде аз фоҷеаи маргбори зимистони соли 1989

Субҳи бармаҳали 23-уми январи соли 1989 дар мавзеъи Шарораи ноҳияи Ҳисор фоҷеае рух дод, ки доғи он то кунун дар дили ҳазорон нафар боқист. Ҳудудан 300 нафар зери хок монданд ва аксари  онҳо занону тифлон ва пирони барҷомонда буданд.
Мақолаи зерро ин ҷониб се сол пеш навишта буд ва субҳи имрӯз ба ёди он фоҷеа онро дубора мурур кардам. Бо каме таҳрир онро ин ҷо чоп мекунем.

Борон нагузашта боз борон, борон...
Ҳатто баъди бештар аз чаҳоряк аср ҳам ин рӯйдоди мусибатбор бо мисраҳои Бозор Собир ба  хотир расиданд. Зеро, ки аз ҳоли миллат ривоят мекард ва як сарнавишти он ҳамин заминларзаи Шарора буд...
Чӣ ёдҳои пурҳасрате…
Субҳи рӯзи 26 январ, дар чорумин рӯзи солгарди фоҷеаи Шарора азми зиёрати он макон кардем. Хостам хотиротам тоза шавад, хостам бинам, ки баъди 25 сол минтақаи офатзада чӣ ҳол дорад. Таксӣ канори роҳ қарор гирифт ва ронанда ишора кард, ки ҳамон дарвоза қабристон аст. Роҳ аз дарвоза ва деворҳои қабристон чандон дур ҳам набуд. Ёдам омад, ки аз ҳамин баландӣ то ҳамвории деҳа 25 сол қабл ҳамаи хонаҳо зери хок монда буданд. Он рӯзро ҳам дар ёд дорам, ҳаво хеле сард буд, на мисли ҳоло, ки баъди борони субҳгоҳӣ шуъои офтоб гармии ба гармии баҳор наздикро паҳн мекард.
Аз ҳамон канори роҳ ҳам дида мешуд, ки арчаҳои қатор, ки 28 сол пеш навда буданд, қад кашидаву ҳамоно сарсабзанд. Гумон мекардам гирдогирди қабристони ин шаҳидон симхор ё девор аст, вале чизе ба ин монандро надидем. Ду писарак болои он давутозу саргарми бозиҳои тифлонаи худ буданд. Зоҳиран онҳо намедонанд ва хабар ҳам надоранд, ки зери пояшон даҳҳо тан хобанд ва аксари онҳо тифлакони ҳамсинну соли онҳо буданд.
Маъмулан аз ин макон соле як маротиба ВАО ёд мекунанд. Аз шабакаҳои телевизионӣ соле як бор меоянд ва наворбардорӣ мекунанд. Аммо мушоҳида мешавад, ки чанги солҳо хотироти мардумро ҳам тира мекунад, ҳоло аксари касоне, ки дар ин макон ба сар мебаранд, ё одамони наванд ва ё аз фоҷеа танҳо нақлу ривоёти пароканда дар ёдашон нақш бастааст.
Аз онҳо қиссаҳо монду дигар ҳеч
Оре, бисту щашт сол моро аз ин мудҳиштарин фоҷеаи кишвар ҷудо мекунад. Фоҷеаи Шарора ва марги бештар аз 300 нафар бар асари як замиларза. Ларзиши замин теппаи хокии канори роҳро болои сари мардум сарозер кард. Ҳар касе дар он субҳи содиқ бедор буд, ҷон ба саломат бурд, ҳар касе хобида буд, зери хок монд, ҳар касе чолокӣ кард ва маргро дар рӯ ба рӯ дид, фирор кард ва ҳар касе дасту по хӯрд ва ё ба муъҷиза умед баст, ҷон аз даст дод.
Мардеро ҳикоят мекунанд, ки офтобаи дасташро раҳо кард ва сӯи хона давид, то  тифлакони масти хобашро берун кашад, вале оғӯш ба оғӯш бо онҳо зери хок монд.
Аз бонуе ривоят кунанд, ки сатили шири навдушида сӯе гузошт ва ба хона давид, то шавҳар ва фарзандони ғарқи хобашро аз даҳшат огоҳ созад, вале по дар остонаи дари хона зери хок монд.
Зани ҷавоне пистон ба даҳони тифлаки ширхораш бо ҳамон гаҳвораву бо ҳамон тифл ҷони ширин аз даст дод. Вақте ӯро берун оварданд, аввалин чизе ба чашми мардум расид, шаддаҳои овезони гаҳвора буд, ки дастони кӯчаки тифлаки ширхор андармони он бозичаҳо буд.
Хонаводае шаб се меҳмон дошт, ду бародар ва як хоҳар. Бародари хурдӣ шабона ба шаҳр баргашт ва дуи дигар хостанд шабро дар ин деҳа, дар суҳбат бо хешовандон ба рӯз оранд. Он рафту аз бало раҳид ва ин дуи дигарро аҷал ба комаш кашид. Бародари хурдӣ субҳи бармаҳал, тавре ваъда буд, баргашт, бо фиғон сӯи ҳавлии шинос давид, вале дарвозаро дигар наёфт. Ҷойи он теппаи баланди гилиро дид. Дар ҷояш нишаст, сурати ду фарзанди падар дар осмони хаёлаш падид омаданд, ки дасти имдод сӯяш дароз мекарданд. Он рӯз ҷустуҷӯи онҳо бесамар буд ва рӯзҳои дигар низ. Билохира, онҳо дар ҳамин ҳавлӣ ғарибхок шуданд.
Ин ҳама аз ёдҳои он рӯзанд, ки нигоранда ҳам қатори садҳо тани дигар бо ҳамон расолати хабарнигорӣ дар минтақа буд ва нақли мардум, шоҳидони айниро барои гузориши радио сабт мекард. Мардум хеле қиссаҳои ҷолиб нақл мекарданд, вале намешуд ба ҳамаи он бовар кард. Чун замони ҳодиса ҳама дар фикри наҷоти худ буданд. Аммо аз миён рӯйдодҳое низ буданд, ки намешуд ба он бовар накард. Яке аз он наҷоти тифли гаҳвора дар хонаи зери гилмонда буд, ки падару модар таҳи хок монданд, вале тифл дар гаҳвора бедору бепарво дасту почак мезад. Ва мегӯянд сабаби наҷоти вай он буд, ки девори хона болояш чаппа шуд ва гаҳвораро аз резиши хоку лой нигоҳ дошт. Шояд рӯзи аввал буд ва ё рӯзи дуввум, ки ин тифл чун нишон аз муъҷизаи Илоҳӣ зиндаву саломат берун омад. Касе ёд надорад ин тифлакро волидонаш чӣ номида буданд, вале мардуш ӯро Шарора ном карданд. Шарора ёдест аз он субҳи фоҷеа, фоҷеае, ки инак  ҳудудан сӣ сол боз як пора хотираи мардуми кишвар шудааст. Он тифл имрӯз дар остонаи сисолагӣ қадам мегузорад ва замоне, ки дидор доштем, мегуфт соҳиби оила ва се духтари нозанин аст.
Хеле аз дӯстонаш хери хок монданд
Маҳмадшариф Султонов, сокини Шарора, ки замони мулоқотамон 75 сол дошт, аз ҷумлаи шоҳидони ин фоҷеаи мудҳиш буд. Мегуфт, ки як ҳолати сардаргумкунанда рух дод. Теппаи хокӣ аз мақари худ канда шуд ва бо суръат ба самти деҳа ҳаракат кард. Ҳама хонаҳое, ки наздики теппа буданд, зери хок монданд. Ҳаво сарду боронӣ буд, дар он субҳи сарди зимистон ба назар мерасид ҳама ваҳшатзада буданд. Баъзеҳо, ки бедору имкони наҷот доштанд, аз саросемагӣ ва ваҳшатзадагӣ на ба поён, балки ба сӯи ҳамон теппаи бало медавиданд ва зери хок мемонданд. Вай аз фермаи бузурги ин деҳа нақл мекунад, ки субҳ занон говдӯшӣ мерафтанд ва баъзеи онҳоро фарзандон ва ё шавҳаронашон ҳамроҳӣ мекарданд.
Бобои Маҳмадшариф мегӯяд хонаи онҳо хеле поёнтар аз маҳалли фоҷеа буд ва бо лутфи Худованд теппа хокӣ ёрои ҳаракат ба дарунтари  деҳа накард ва дар нимароҳ қарор гирифту хонаҳои онҳо ва зану фарзандашон наҷот ёфтанд. Вале вай дар ин фоҷеа беҳтарин дӯстонашро аз даст дод. Яке аз онҳо Сафар ном дошту дуюмӣ Раҳмон, ки ҳарду бо духтаронашон ферма говдӯшӣ рафта буданд ва зери хок монданд.
Маҳдия, Гурез, Бой ва боз чандин тани дигар, ки барояш азиз буданд, дар ин фоҷеа бо ҳаёташон падруд гуфтанд. Аслан мардуми як деҳа мисли хешу таборанд, дӯстону ёрони қаринанд ва марги ҳар нафар як талафоти гарон аст. Ва ин касоне, ки таноби умрашон канда шуд, хеле ҷавон буданд, чун деҳа худ ҷавон буд. Инҳо афроде буданд, ки аз ҳар гӯшаи кишвар омадаву ин ҷо соҳиби замин ва хонаву дар шуда буданд. Пиразане, ки аз аввалинҳо шуда ҳамсуҳбат шудем, гуфт "мо аслан мардуми Оби Гармем. Ва он субҳи фоҷеа ман дар Оби Гарм будам. Бо шунидани хабар зуд расидем, вале дидем, ки аллакай ними деҳа зери хок аст".
Аз чор ҳамсинфаш доғ дар дил дорад
Хиромон, духтари бобои Маҳмадшариф ҳам шоҳиди ин ҳодисаи мудҳиш аст. Аммо шоҳиди хеле кӯчак, ки ҳоло ҳам хира-хира чизҳоеро медонад. Вай нав мактабхон шуда буд. "Хурд будему намедонистем чӣ ҳодиса рух дод, аммо талоши мардумро барои берун овардани ҷасади фавтидагон медидем. Ёд дорам, ки се ё чор мурдаи қаторро дида будам...
Хиромон ҳоло ҳам симои чор ҳамсинфи ғӯрамаргаш Гулҷаҳон, Сайиднур, Фирӯза ва Сайидалиро ёд дорад. "Духтаркон ва бачаҳои хушру ва доно буданд. Хуб мехонданд, боодоб буданд. Аз синфи мо ҳамин чор тан ҳалок шуданд, ҳар чорашон ҳамсояи Шарорашон буданд...”
Хиромон мегӯяд вақте он маҳалро қабристон эълон карданд, атрофашро каме девор карданду дарвоза шинонданд. Баъдан гирдогирди он ниҳолҳои арча шинонданд, ки ҳоло хеле бузург шудаанд.
Падруд то соли дигар?
Нисфирӯзӣ аз Шарора берун шудем. Аз сардии ҳавои субҳгоҳӣ нишоне намонда буд. Боз аз қабристон гузар кардем. Ва муҳимтарин чизе, ки ҷустему наёфтем, як лавҳаи умумии ёдгорӣ буд. Мебоист дар даромадгоҳи он ин лавҳа гузошта мешуд, ки ин чӣ қабристон аст. Вале онро надидем. Шояд он ду ё се дар дораду мо намедонем. Вале аз дари аслие, ки мо ворид шудем, ҳич нишоне надидем. Ва болои ҳамагӣ се қабр лавҳаи ёдгорӣ мушоҳида шуд, ки номи хуфтагонаш сабт шуда.
Атрофи қабристон ҳам девор надорад, ҳол он ки бояд он девор дошта бошад, бояд он маконе бошад, ки ҳар раҳгузарро водор ба таваққуф кунад, то ба поси хотири хуфтагонаш даст ба дуо бардорад. Ва на танҳо ин: ин ҷо нишоне аз қудрати Илоҳӣ ҳувайдост ва моро бояд ҳар замон гӯшзад кунад, ки ин ҳаёт, ин зиндагӣ ҷовидонӣ нест. Ва ин хуфтагон ҳам бо орзуҳои ширин зиндагиро тарк карданд.

Бобоҷони Шафеъ

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №04, 29 январи соли 2014