COVID-19: Чин ба мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки мехоҳанд решаи хуруҷи коронавирусро дар Вуҳони ин кишвар биҷӯянд, иҷозаи вуруд намедиҳад

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирфторон ба коронавирус дар оламро  87 миллиону  643 ҳазору 563 нафар эълон кард. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 891 ҳазору 700 нафар ҷон бохтаанд. Шабонарӯзи гузашта 285 225 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд ва шумории фавтидагон 6 482 нафар афзуд. 63 миллиону 132 ҳазору 543 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Шумори гирифторон дар Тоҷикистон бино ба омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 13 305 нафар расида, 13111 нафар ё 98,5% нафар пурра муолиҷа шудаанд. Тоҷикистон дар шохиси кишварҳои мубтало ба коронавирус дар ҷойи 122 мебошад. 

Ба мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки мехоҳанд решаи хуруҷи коронавирусро дар Чин биҷӯянд ва муайян кунанд, иҷозаи вуруд ба ин кишвар надоданд. Ду нафар аз коршиносони ин созмон дар роҳ буданд, вале аз сабаби мушкили раводид натавонистанд вориди Чин шаванд. Онҳо мебоист ба Вуҳон, ки бори аввал охири соли 2019 ин вируси марговар аз он шаҳр сар боло карда буд, мерафтанд. Гуфта мешуд, ки ин вирус аз бозори  маҳаллии ҳамин шаҳр, ки як бозори хеле бузурги фурӯши гӯшти ҳайвонот мебошад, пайдо шуда буд.

Гунаи британиёии вируси корона SARS-CoV-2 аллакай дар 41 кишвари олам кашф шудааст. Дар ин бора Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар як ҳисоботи ҳафтаинаи худ иттило дод. Маврид ба ёдоварист, ки штамми нави коронавирус бори аввал дар Британияи Кабир ошкор шуд ва ба он номи илмии VOC-202 012/01 доданд. Махсусиятҳои ин гунаи нав зиёд зараровару сирояткунанда будани он буда, худи ҷараёни уфунати коронавирус ҳангоми сироят бо ин навъ тағйир намеёбад.

Комиссияи Аврупо истифодаи доруи ширкати дорусозии амрикоии Moderna -  mRNA-1273 – ро тасдиқ кард. Барои кулли кишварҳои Аврупо, ки соли 2020 695 миллион нафар аҳолӣ дошт, 2 миллиард вояи истифода кафолат дода шудааст.

Шумори гирифторон ба COVID-19 дар Русия зарфи як шабонарӯзи гузашта 24 217 нафар афзуд.  Аммо мақомот гуфтаннд, ки ин ҳоло омори дақиқ нест ва эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки рӯзҳои ид ташхисҳо камтар сурат гирифтанд.

Дар Қазоқистон 742 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. То кунун дар ин кишвар 159 044 нафар чун мубтало ба COVID-19 сабт шудааст.

7 январи соли 2021 Қирғизистон аз 81 656 ҳодисаи сироят ба коронавирус хабар дод. 1,67% мубталошудагон ҷон бохтаанд.

Шумори сироятшудагон дар Ӯзбекистон ба 77 350 нафар расидааст. Мақомот гуфтаанд, ки 0,80% сироятшудагон фавтидаанд.