Ёде аз таърих. Заминларза дар Кобе, 1995

Яке аз бузургтарин заминларзаҳо дар таърихи Ҷопон аст, ки 17 январи соли 1995, соати 05:46 дақиқа бо вақти маҳаллӣ рух додааст. Шиддати он тибқи ҷадвали Рихтер 7,3 балл будааст. Бино ба омори расмӣ дар ин зилзила 6 434 нафар ба ҳалокат расиданд.

 ПАЁМАДҲОИ ОН: хароб шудани 200 ҳазор бино, 1 км роҳи зудҳаракат дар Ҳансин, вайрону валангор шудани 120 истгоҳ аз 150 истгоҳ дар бандари Кобе, халалдор шудани хати интиқоли неруи барқ барои сокинон.

Одамон боз муддате аз тарси таконҳои баъдӣ намехостанд ба маҳалли зиндагии худ баргарданд, чун ин гуна ларзишҳо чандин рӯз пайи ҳам идома доштанд. Мақомот зарари аз он расидаро даҳ трилион иен ва ё 102,5 миллиард доллари ИМА эълон карданд, ки ин 2,5% Тавлиди нохолиси милии Ҷопон дар ҳамон замон дониста мешавад.

Аз соли 1995 пайваста дар ин шаҳр Фестивали нур доир мешавад, ки  аслан ин рӯзи поси хотири қурбониёни ин фоҷеа мебошад.

Гуфтанист, ки Кобе шашумин шаҳри калонтарини Ҷопон ва маркази вилояти Ҳугу ва барҷастатарин шаҳри бандарии ин кишвар бо ҷамъияти тақрибан як миллиону понсад ҳазор нафар аст.