Activities calendar

09 феврали 2021

Ҳушдор аз болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар рӯзҳои оянда

Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар рӯзҳои наздик бар асари гармии дамои ҳаво баланд шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз доманакӯҳҳои водии Ҳисор ҷорӣ мешаванд, инчунин дар дарёи Хингов пешбинӣ мешавад. Хатари лағзиши тарма дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, нишебиҳои ҷанубии водии Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ вуҷуд дорад.

COVID-19: Марги беш аз 15 воксангирифтаи солманд дар Нидерландия

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба вируси коронаро дар олам 107 миллиону 007 ҳазору 830 нафар эълон кард. Аз ин вирус то кунун 2 миллиону 336 ҳазору 339 нафар ҷон бохтаанд. Шумори муолиҷашудагон ба 79 миллиону 014 ҳазору 692 нафар расид.

Беш аз 55% ҳодисаҳои нав сироятшудаи шабонарӯзи

Шумори заҳролудшудагон аз об дар Буйнакси Доғистон ба 196 нафар расидааст. Аксари онҳо кӯдаконанд

Бино ба иттилои хадамоти тандурустии маҳалӣ аллакай дар муассисаҳои табобатии бачагонаи шаҳр ҷойи холӣ нест. Аксари заҳролудшудагон бачаҳоянд. Сабаби он об нӯшокӣ аз зери кран унвон шудааст ва гуфта мешавад, ки дар ин об вируси исҳоли хунӣ (дизентерия) пайдо кардаанд. Прокуратураи маҳал дар иртибот ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Шаҳрдории Буйнакс гуфтааст, ки қисмати азими ин

Заминларза дар минтақаи Рашт. Талафот нест

Субҳи рӯзи 8 феврали соли 2021, соати 08:33 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Чумҳурии Тоҷикистон, минтақаи Рашт, ноҳияи Лахш, замин ларзид.

Тибқи маълумоти дастрасшуда маркази зилзила 252 километраи шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 30 километр аз ноҳияи Лахш дур буда, қувваи он марказаш, деҳаи Чайлгани ҷамоати деҳоти Лахш 3 бал ва дар  маркази ноҳияи  Лахш...

Марги як сенатори амрикоӣ аз коронавирус

Рон Ройт намояндаи ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА ва узви Палатаи намояндагони Конгресси Амрико аз иёлоти Техас, ки 67 сол дошт, бар асари сироят ба коронавирус аз олам даргузашт. Рон Ройн се ҳафта пеш хабар дода буд, ки олудаи КОВИД-19 шудааст ва ҳоло ба муолиҷа пардохтааст. Рон Ройт мубталои бемории саратон буду солҳо бо ин касалӣ дар мубориза бурд ва билохира аз корона ҷон бохт.