COVID-19: Марги беш аз 15 воксангирифтаи солманд дар Нидерландия

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба вируси коронаро дар олам 107 миллиону 007 ҳазору 830 нафар эълон кард. Аз ин вирус то кунун 2 миллиону 336 ҳазору 339 нафар ҷон бохтаанд. Шумори муолиҷашудагон ба 79 миллиону 014 ҳазору 692 нафар расид.

Беш аз 55% ҳодисаҳои нав сироятшудаи шабонарӯзи гузашта дар Амрикои Шимолӣ в Ҷанубӣ  (209 539), минтақаи Аврупо (104 314), Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (24 154) рост меоянд.

Биологҳои амрикоӣ муайян карданд, ки штамми британиёии коронавирус дар ИМА ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта пайдо шуда буд ва ҳоло он дар қаламрави 30 иёлот густариш ёфтааст.

Субҳи рӯзи 8 феврал ҷомеаи мухтори Испания аввалин 200 000 дозаи воксани коронавирус COVID-19 тавлиди ширкати дорусозии AstraZeneca-ро дарёфт кард. Ин воксан ба ҳамаи шаҳрвандони икшвар, ки синнашон аз 18 то 55 аст, ворид карда мешавад.

Маркази таҳқиқоти хавфу хатарҳои дорусозии Нидерландия Lareb беш аз 15 ҳодисаи марги шаҳрвандон баъди эмкунӣ зидди коронавирусро меомӯзад. Ду нафари онҳо аз 70 сол беш доштанд.  Синну соли дигарон 85 ва болотар аз он буд. Ҳамаи ин афрод мушкилиҳои зиёде ба саломатӣ доштанд. Қариб дар ниме аз ин фавтидагон қабл аз маргашон мутахассисон ҳолатҳоеро мушоҳида карданд, ки онро таъсири баръакс метавон номид: табларза, дилбеҳузурӣ, беҳолӣ.

Сафири Иморати Муттаҳидаи Араб дар Москав изҳори умед кард, ки Русия парвози ҳавопаймоҳоро ба ин кишвар тобистон афзоиш медиҳад. Аз ин пештар Москав хабар дода буд, ки бо чанд кишвари олам, аз ҷумла бо Иморат низ парвози ҳавопаймоҳоро ба роҳ мондааст.

Эрон дурнамои ҳамкориҳои бо Русия дар мубориза бо КОВИД-19-ро арзёбӣ кард. Раиси Маҷлиси Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф муносибати Русия дар масъалаҳои воксанро меъёр ва намуна хонд. 

Литва изҳор дошт, ки дар мавриди харидории воксани русии "Спутник V" баъди аз ҷониби ИА қабул шуданаш тасмим хоҳад гирифт.

Русия аз сирояти боз 15 916 нафар дар КОВИД-19 хабар дод. Аз 22 октябри соли гузашта ин аввалин бор аст, ки мубталоёни шабонарӯзӣ аз 16 ҳазор камтар ба қайд гирифта мешавад. 

Қазоқистон 1 003 нафарро чун гирифтори нав дар шабонарӯзи гузашта сабт кард. 

Ӯзбекистон дар мубориза бар зидди COVID-19 3 трилиону 961 миллиард сум сарф кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии парламони ин кишвар хабар дод. Тибқи иттилои мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, маҳдуд кардани фаъолияти корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар робита бо пандемия ба гардиш ва рушди бахши хизматрасонӣ таъсири манфӣ расонид. Аз ҷумла, ҳаҷми савдо дар ҷумҳурӣ танҳо 194,8 триллион сумро (103,2%) ташкил дод.

То 9 феврали соли 2021 дар Узбакистон 79.162 ҳолати сирояти коронавируси Ковид-19 ба қайд гирифта шудааст.