COVID-19: Амико панҷ рӯз қурбониёни коронавирусро ёд мекунад

Дар ИМА  ба поси хотири 500 ҳазор фавтидагон аз  COVID-19 мотам эълон шуд. Президенти Амрико Ҷо Байден ба як қароре имзо гузошт, ки сокинони кишвар муддати панҷ рӯзи оянда хотири ҷонбохтагон аз коронавирусро пос хоҳанд дошт. Дар ин муддат дар саросари кишвар парчамҳо поин кашида мешаванд, сокинон аз гузаштаҳову қурбониёни корона ёд мекунанд.

Аз 22 феврали соли равон дар Канада қоидаҳои нав барои воридшавандагон аз хориҷ ҷорӣ шуданд. Ҳамаи касоне, ки аз хориҷи ин кишвар ворид мешаванд, бояд аз озмоиши КОВИД-19 гузаранд ва ин кор бояд дар фурудгоҳ сурат бигирад. Сипас дар меҳмонхонаҳо аз ҳисоби худ муддати 3 рӯз карантин мешаванд. Баъди анҷоми муддати каратин бори дигар аз озмоиш мегузаранд.  

Ҳукумати Италия рӯзи душанбе, 22 феврал маҳдудиятҳои зиддикоронаиро то 27 март тамдид кард.  Тибқи маҳдудиятҳои нав сокинони минтақаҳои “сурх” дигар ҳақ надоранд беш аз як маротиба дар як шабонарӯз аз хонаи худ ба дигар минтақа раванд.  

Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон шартҳои лағви  марҳила ба марҳилаи маҳдудятҳои зиддикоронаиро номбар кард. Сарвазир гуфт, ки баъди мулоҳизаҳову таҳлилҳо сари чаҳор шарти асосӣ қарор гиифтаанд ва ин шартҳо бояд ҳатман дар ин марҳилаҳо иҷро шаванд. Муваффақият дар барномаи эмкунии сартосарии аҳолӣ шарти калидӣ хоҳад буд. Шартҳои дигар ба мушкилоти соҳаи тандурустӣ бастагӣ доранд, ки бояд бо тай шудани марҳилаҳои эманӣ дигар таҳдиде ба хатар барои муассисаҳои дармонӣ намонад.  

Ҳарчанд аз рӯзи душанбе баинҷониб дар Олмон мактабҳо ба фаъолият оғоз карданд, вале ҳукуматдорон ҳушдор медиҳанд, ки вазъ ҳамоно буғранҷ аст.  

Дар Шветсия аз  COVID-19 дар замони ҳамагирӣ 904 мард бештар аз занон фавтиданд. Ҳамзамон донишмандони амрикоӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки сабаби ин нуҳуфта дар ДНК мебошад. “Бисёре аз генҳое, ки барои системаи масунияти бадан нақши муҳим доранд, дар хромасомаҳои Х  (хромасомаҳои  мардона) ҷойгиранд.  

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 12 604 ҳодисаи гирифторӣ ба  COVID-19 сабт шудааст.

Дар Қазоқистон дар 24 соати сипаришуда 699 ҳодисаи нави гирифторӣ ба  SARS-CoV-2 ба қайд гирифта шудааст.

Қирғизистон аз ошкор шудани 44 мубталои нав хабар дод.

Шумори гирифторон ба вируси корона дар Ӯзбекистон ба 79 681 нафар расидааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон то 22 феврали соли равон дар кишвар 13,3 ҳазор сироятшуда ба  COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 99,3 % пурра шифо ёфтаанд.