Президенти Аргентина Алберто Фернандес ба коронавирус мубтало шудааст. Фаронса бори сеюм ба карантин рафт

Истеҳсоли воксани AstraZeneca аз COVID-19 дар корхонаи биотехнологии Emergent BioSolution – и шаҳри Балтимори иёлоти Мэриленд бо қарори ҳукумати ИМА қатъ шуд. Аз ин ба баъд ин корхонаи биотехнологӣ пурра ба тавлиди воксани Johnson & Johnson мегузарад.

Дар Фаронса ахбори баъзе расонаҳои хабариро дар мавриди ҳузури иддае аз вазирон дар шабнишиниҳои ғайрирасмиву пинҳонӣ дар тарабхонаву клубҳо дар замони карантин месанҷанд. Шабонарӯзи гузашта дар Фаронса қариб 67 ҳазор ҳодисаи нави сироят ба вируси SARS-CoV-2 ошкор шудааст. Шумори умумии гирифторон ба вируси корона аз аввали ҳамагирӣ ба  4 822 470 нафар расидааст. Аз коронавирус то кунун дар Фаронса 96 678 нафар фавтидаанд.  

Дар Олмон ба касони худро зидди коронавирус эмкарда бартариҳову имтиёзҳо дар вуруд ба мағозаву дӯконҳо ва сайругашту сафарҳо ваъда карданд. Ба ин одамон дигар лозим нахоҳад омад низоми карантинро риоя кунанд. 

Дар Лаҳистон шабонарӯзи гузашта боз қариб 22 ҳазор ҳодисаи нави сироят ба коронавирусро кашф карданд.

Дар пойтахти Руминия шаҳри Бухарест ва чанд шаҳри дигар  ин кишвар зидди маҳдудиятҳои коронаӣ сокинон даст ба намоишҳои эътирозӣ заданд. 

Туркия эълон кард, ки зарфи 24 соати сипаришуда дар қаламраваш боз 44 ҳазор сироятшудаи нав ба  SARS-CoV-2 –ро ошкор кардааст. Дар ин муддат дар Туркия 186 нафар фавтиданд ва шумори умумии ҷонбохтагон ад КОВИД-19 аз аввали пандемия ба 32 078 нафар расид.

Сарвазири Сурия эълон кард, ки муассисаҳои давлатӣ ба низоми карантинии фаъолият мегузаранд. Ин низом қарор аст аз имрӯз, 5-уми апрел оғоз шавад ва то 15-уми апрел идома ёбад.

Президенти Аргентина Алберто Фернандес барои коронавирус тести такрорӣ супурд ва маълум шуд, ки сарвари давлат ба ин вирус сироят шудааст. 

Шабонарӯзи гузашта дар Белорусия 1239 ҳодисаи сироят ба коронавирус сабт шуд.

Украина аз сирояти боз 13 738 нафар ба КОВИД-19 хабар дод. Бештар дар вилоятҳои Харков (1388), Днепропетровск (1143), Одесса (1075), Хмелниский (1060) ва Лвов (865) мубтало шудаанд.

Дар Русия зарфи 24 с оати гузашта  8 817 нафар сироят шуданд.

Қазоқистон аз сирояти боз 2 054 нафар ба COVID-19 хабар дод.  Дар ҳоле, ки рӯзе қабл шумори мубталоёни нав 2121 нафар эълон шуда буд.  

Дар Қирғизистон аз олуда шудани 172 нафар ба вируси корона хабар доданд.

Дар Ӯзбекистон зарфи се рӯз 23 780 нафар зидди коронавирус эм карда шуданд.  

Ба донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, иҷозат дода шуд, ки барои идомаи таҳсил ба Русия баргарданд. Вазорати маориф иттило дод, ки танҳо шаҳрвандони он кишвраҳое ҳақи баргашт ба Русия доранд, ки вазъи эпидемиологиашон бехатар аст. Ҳоло донишҷӯён аз Абхазистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Ветнам, Юнон, Миср, Ҳинд, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Куба, Ҷумҳурии Малдивия, Иморати Муттаҳидаи Араб, ҷазираҳои Сейшел, Сербистон, Сингапур, Танзания, Туркия, Финландия, Швейтсария, Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Осетияи Ҷанубӣ ва Ҷопон иҷозаи бозгашт ва идомаи таҳсил доранд.