COVID-19: Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо аз эмкунии ҳатмии кӯдакон ҳимоят намуд

Додгоҳи ҳуқуқи башари  Аврупо рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки аз эмкунии ҳатмии кӯдакон ҳимоя мекунанд. Коршиносон мегӯянд ин қарор метавонад паёмадҳои басо ҷиддиӣ дошта бошад.

ИМА дар шабонарӯзи сипаришуда беш аз 75 038 ҳодисаи нави сироят ба коронавирусро сабт кард.

Бразилия аз ифшои бо 92,6 ҳазор олудашудагон ба КОВИД-19 хабар дод.

Дар Фаронса беш аз 10 миллион нафар аввалин дозаи воксан зидди коронавирусро дарёфт карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукуматдорон гуфта буданд 10 миллион нафар то 15-уми апрел эм карда мешаванд

Дар Шветсия шумори марги афрод бар асари сироят ба коронавирус шаби гузашта 17 нафар афзуд.

Ҳукумати Қатар ба қароре омад, ки аз сабаби болоравии сатҳи сироят ба коронавирус аз 9-уми апрел чораҳои карантиниро шадидтар кунад.  

Иттиҳоди Африқо қарор кард, ки дигар аз харидани воксани тавлиди ширкатҳои  Британия ва Шведсия AstraZeneca, ки дар Ҳинд истеҳсол мешавад, даст кашад.

Ҳинд хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта беш аз 126 ҳазор сироятшудаи нав ба коронавирусро  сабт кардааст. Ин болотарин сатҳи сирояти шабонарӯзӣ дар ин кишвар аз замони ҳам агирӣ будааст.  

Зарфи 24 соати гузашта дар Украина 19 419 ҳодисаи мубтало шудан ба КОВИД-19 саб шудааст.

Дар Белорусия шабонарӯзи гузашта 1272 гирифтори навро ба қайд гирифтанд ва шумори умумии олудашудагон ба коронавирус аз аввали ҳамагирӣ ба 331 88 нафар расидааст.

Дар Русия боз 8672 нафар мубталои нав ба   COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Дар Ӯзбекистон аз таъсири манфии воксан ба 71 сокини ин кишвар хабар доданд. Беморон аз дард, заъф, хориши бадан ва дард дар ҷойи воксаншуда, ҳамчунин ҳарорати баланди бадан шикоят мекарданд. Мақомот гуфтанд, ки аз 1 то 6 апрели соли равон 49 602 нафар сокинони ин кишвар зидди коронавирус эм карда шуданд. Тибқи ин омар аз ҷумлаи эмшудагон 0,14% - и онҳо аз таъсири манфии он шикоят доранд.