COVID-19: Гурҷистон ба мавҷи сеюми коронавирус дастбагиребон аст. ИМА мехоҳад пешсафи таъмини оламиён бо воксан бошад

Терри Бретон - комисар дар умури бозори дохилии Иттиҳодияи Аврупо гуфааст, ки воксани русии  «Спутник V»  аз COVID-19 ба қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо хеле дер ворид мешавад, ҳатто агар истифодаи он аз ҷониби танзимгар аврупоӣ иҷозат дода шавад. Терри Бретон ин суханонро дар як суҳбаташ бо нашрияи Spiegel изҳор доштааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қасд дорад дар таъмини оламиён бо вкосан зидди коронавирус пешсаф дар миёни ҳама кишвраҳо бошад, - гуфтааст Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар суҳбат бо NBC.

Вазири тандурустии Фаронса Оливйе Веран хабар дод, ки аз имрӯз, 12 - уми апрел эмкунӣ барои ҳамаи сокинони аз 55-сола боло оғоз мешавад ва фосилаи байни дозаҳо бо воксанҳои  Pfizer ва Moderna тағйир дода хоҳад, ки шуд, то “эмкунӣ суръат бигирад”.

Садриаъзами Олмон Ангела Меркел, ки мебоист тибқи рӯйхат худро зидди коронавирус рӯзи якшанбе эм мекард, муваққатан аз он даст кашид. 

Дар Руминия зидди тадбирҳои маҳдудкунандаи фаъолият сокинон даст ба эътисоб заданд. 

Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали президенти Эрон, аз ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ даъват кард, ки "манбаъҳои асъории Эронро ҳарчи зудтар озод кунад". Эрон мегӯяд 7 миллиард доллар аз нефти қонунӣ фурӯхташуда дар натиҷаи пайравии Корея аз таҳримҳои ИМА дар бонкҳои ин кишвар масдуд шудааст. Ноиби Раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ки кишвараш ба ин пулҳо барои дарёфти василаҳои табобати коронавирус ниёзи шадид дорад.  

Дар қаламрави Ҳинд шабонарӯзи гузашта боз 152 ҳазор сирояттшудаи нав ба  SARS-CoV-2 ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ҳамин 24 соати гузашта дар ин кишвар 839 нафар бар асари гирифторӣ ба COVID-19 фавтиданд.

Созмондиҳандагони бозиҳои олимпӣ ва паралампии Токио 300 утоқи меҳмонхонаҳоро барои касоне ҷудо мекунанд, ки ба коронавирус сироят шудаанд. 

Дар Гурҷистон сеюмин мавҷи густариши коронавирус оғоз шудааст, мегӯяд директори Маркази миллии назорати бемориҳои вазорати тандурустии ин кишвар Амиран Гамкрелидзе.

Дар Арманистон 650 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19-ро ба қайд гирифтаанд.  

Молдова аз сирояти боз 830 нафар ба SARS-CoV-2 хабар дод.

Дар Белорусия зарфи як шабонарӯзи гузашта 1175 нафар олудаи коронавирус шуданд.

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 8702 ҳодисаи нави гирифторӣ ба  COVID-19 сабт шудааст.

Қазоқистон аз гирифтории боз 2842 нафар ба коронавирус хабар дод.

Дар Қирғизистон зарфи як шабонарӯзи гузашта 208 нафар ба КОВИД-19 мубтало шуданд.  

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон иттилоъ дод, ки зарфи 24 соати гузашта 198 нафарро чун гирифтори  нав ба коронавирус ба қайд гирифт.