COVID-19: Марги 1300 кӯдак дар Бразилия аз коронавирус. Олмон бори дигар ба карантин меравад

Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 140 миллиону 531 ҳазору 290 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи гузашта боз 196 ҳазору 576 нафар гирифтори ин вирус шуданд. Аз оғози ҳамагирӣ дар ҷаҳон 3 миллиону 012 ҳазору 206 нафар ҷон бохтанд.

Дар ИМА шабонарӯзи гузашта 74289 нафар сироятшудагони нав ба вируси корона  ба қайд гирифта шуд.

Дар Бразилия зарфи 24 соати охир теъдоди мубталоён ба коронавирус 73 174 нафар афзуд. То кунун дар ин кишвар 1300 кӯдак аз коронавирус ҷон додааст. Ин болотарин сатҳи маргумири кӯдакон дар ҷаҳон аз COVID-19 мебошад.

15-уми апрели соли равон дар Фаронса бар асари КОВИД-19 300 нафар фавтиданд.

Британияи Кабир аз ифшои боз 2596 олудаи дигар ба вируси корона хабар дод. Дар иттилои расмӣ ҳам чунин гуфта мешавад, ки шаби гузашта дар ин кишвар аз ин беморӣ 34 нафар фавтиданд.

Садриаъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки аз сабаби авҷи нави коронавирус дар кишвар бояд ҳарчи зудтар маҳдудиятҳои наву шадид ҷорӣ шавад. Наздик ба 51% сокинони Олмон хоҳони эълони қуюди шабгарданд ва 46% аз ин ҳимоят намекунанд. 

Ҳинд гуфт, ки шабонарӯзи гузашта беш аз 217 ҳазор мубталои нав ба COVID-19-ро ошкор кардааст. Ин болотарин афзоиши шабонарӯзии гирифторон дар Ҳинд аз аввали ҳамагирӣ дониста мешавад.

Вазъ дар Туркия низ ногувор аст. Мақомот аз ифшои боз 63 082  мубталои нав ба COVID-19 дар 24 соати охир хабар доданд. 

Котиби матбуотии вазорати тандурустии Эрон Симо Содоти Лурӣ хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 321 нафар бар асари коронавирус ҷон бохтанд.

Молдова мехоҳад бо Русия барои дастрас намудани 700 ҳазор доза воксани «Спутник V» муоҳада имзо кунад.  

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 8995 гирифтори нав ба COVID-19 сабт шуд.

Дар Қазоқистон дар 24 соати сипаришуда 27 нафар аз коронавирус ва як нафар бо нишонаҳои илтиҳоб аз олам гузаштанд.  

16 – уми апрел  дар Ӯзбекистон боз 292 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки  206 нафар онҳо дар шаҳри Тошканд ифшо шуданд.