COVID-19: Шумори ҷонбохтагон дар олам ба 3 миллиону 72 ҳазору 576 расид

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 144 миллиону 480 ҳазору 449 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта мубталоён 228 ҳазору 206 нафар афзуда, 6 ҳазору 566 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Тибқи омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то ба имрӯз 3 миллиону 72 ҳазору 576 нафар ҷон бохтанд ва 122 миллиону 959 ҳазору 991 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Дар ИМА шабонарӯзи гузашта  25 306 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, 340 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтанд.  

Дар Бразилия аз аввали ҳамагирӣ шумори сироятёфтагон ба коронавирус SARS-CoV-2 ба 14 миллиону 122 ҳазору 795 нафар расидааст ва танҳо шаби гузашта боз 79 910 нафар ба ин ҷамъ пайвастанд.   

Дар Олмон шабонарӯзи гузашта боз 24 884 сироятшудаи нав сабт шуд. Дар ин бора Пажӯҳишгоҳи Алберт Кох, ки ба сохтори вазорати тандурустии Олмон дохил мешавад, рӯзи 21-уми апрел иттило дод. Ин манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки то кунун аз ин беморӣ дар Олмон 2 миллиону 845 ҳазору 300 нафар пурра муолиҷа шуданд.  

Дар айни замон авҷи сеюми коронавирус дар Фаронса  ба ҳадди ниҳоии худ мерасад ва ё он тадриҷан гузаштааст. То ба имрӯз дар ин кишвар 5 миллиону 339 ҳазору 920 нафар олудаи коронавирус шуданд ва шабонарӯзи гузашта боз 43 098 нафари дигар ба қайд гирифта шуданд.   

Британияи  Кабир аз мубтало шудани боз 2396 нафар ба коронавирус хабар дод ва шумори умумии гирифторон ба ин вирус дар ин кишвар ба 4 миллиону 395 ҳазору 703 нафар расид.

Дар Ҳинд зарфи 24 соати сипаришуда 295 ҳазор нафар олудаи КОВИД-19 шуданд. Ин болотарин сатҳи сирояти шабонарӯзӣ дар ин кишвар аз оғози ҳамагирӣ мебошад.  

Дар Русия шабонарӯзи гузашта 8 271 нафар гирифтори коронавирус шуданд. Аз ҳама бештар сироятёфтагон дар пойтахти Русия шаҳри Москав ба қайд гирифта шудааст.

Дар Қазоқистон зарфи 24 соати гузашта наздик ба 2 893 нафарро чун гирифтори нав сабт карданд ва шумори мубталоён ба 297 839 нафар расид. Наздик ба 760 ҳазор нафар то кунун эм шудаанд.  

Қирғизистон дар шабонарӯзи гузашта 380 ҳодисаи сироят ба COVID-19 ро сабт кардааст ва шумори мубталоён аз аввали ҳам агирӣ ба 93 006 нафар расидааст.  

То 22 – уми апрели соли равон дар Ӯзбекистон  87 935 нафар чун гирифтор ба коронавирус сабт шудаанд. Шумори куштагони КОВИД-19 дар ин кишвар ба 640 нафар расидааст.