Флоти сар аз тан ҷудо. 40 сол пеш ҳодисае рух дод, ки флоти уқёнуси Ороми Шӯравиро куллан бесарвар гузошт

40 сол пеш, 7-уми феврали соли 1981, дар наздикии фурудгоҳи низомии Ленинград ҳавопаймои Ту-104, ки бо 50 нафар – 44 мусофир ва 6 хадамаи он ба самти Владивосток дар ҳоли парвоз буд, сарнагун шуд. 16 нафари онҳо адмиралҳо ва генералҳои артиши Иттиҳоди Шӯравӣ, 12 капитани ранги аввал ва полковникҳое буданд, ки аз ҷамъомади фармондеҳони кулли флотҳои ҳарбии Шӯравӣ бармегаштанд. Дар натиҷа флоти уқёнуси Ороми Иттиҳоди Шӯравӣ комилан бесарвар монд.

Ин гуна як талафоти сангин ҳатто дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳон рух надода буд. Дар ибтидо ба кулли маълумоти ин сонеҳаи мудҳиши ҳавоӣ мӯҳри махфӣ зада шуд. Танҳо ду рӯз баъди ҳодиса нашрияи ҳарбии “Красная звезда” як таъзияномаи кутоҳе нашр кард: “7-уми феврали соли 1981 ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хидматӣ дар садамаи ҳавопаймо гурӯҳе аз адмиралҳо, генералҳо, афсарон, мичманҳо, прапоршикҳо, маллоҳон ва сарбозони флоти уқёнуси Ором ба ҳалокат расиданд. Вазорати мудифиаи ИҶШС ва Сарраёсати сиёсии Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва флоти ҳарбию баҳрӣ ба хешону пайвандони онҳо изҳори ҳамдардӣ мекунад”. 

Тамрини ҳарбиро он замон адмирал Сергей Горшков сарварӣ мекард. Субҳи рӯзи 7-уми феврал натиҷаи тамрин эълон шуд ва флоти уқёнуси Ором беҳтарин эълон гардид. Ҷамъомади ҳарбӣ ба поён расид ва ширкаткунандагони он яке паси ҳам ба макони хидмату зисти худ раҳсипор шуданд. Бегоҳӣ ҳавопаймои Ту-104 мебоист аз фурудгоҳи шаҳри Пушкин (20-километр то шаҳри Ленинград) ба Владивосток парвоз мекард. Соати 18:00 бо суръати баланд дар майдони парвоз ба ҳаракат даромад. Аммо ҳамагӣ чанд сония баъди ба ҳаво боло шудан баногаҳ ба замин зад.

Аввал комиссия фарзияҳои таркиш ва аз кор мондани системаи идории ҳавопайморо мавриди таҳлил қарор дод. Вале баъдан ин ду фарзия рад шуд. Комиссия ба хулосае омад, ки ҳавопаймо бар асари бори хеле гароне, ки илова ба сарнишинонаш ба он бор карда буданд, сарнагун шуд. Комиссия гуфт, ки борҳо, ки куллан аз таҷҳизоти вазнин, лӯлапечҳои гаронвазни коғаз ва ғайра иборат буданд, барои парвоз сангинӣ карданд. 

Аксари маллоҳони ҳалокшуда дар қабристони  Серафимои Ленинград ба хок супурда шуданд. Соли 1983 бо дастури шахсии адмирал Горшков сари қабри онҳо лавҳаи хотиравӣ гузоштанд. Навиштаҷоти: “Ба ҳалокшудагон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хидматӣ дар таърихи 7.02.1981” соли 2000 пайдо шуд. Аз соли 1991 ҳар сол 7-уми феврал дар ибодатгоҳи ҳарбӣ-баҳрии Николски Петербург маросими мотам бахшида ба маллоҳони ҳалокшуда баргузор мешавад. 15-уми июни соли 2000 дар маъбади ёдшуда тахтаи ёдгорӣ бо номҳои онҳо насб гардид ва 7-уми феврали соли 2017 барои фармондеҳони ҳалокшудаи ин сонеҳаи пурқурбонӣ дар Владивосток пайкара гузоштанд.  

Баъди ин ҳодисаи мудҳиш роҳбарияти ҳарбии мамлакат низоми вижаи парвози ҳарбиён дар ҳавопаймоҳоро ҷорӣ кард, ки тибқи он борҳои дастӣ ва колоҳои дигар тибқи як рӯйхати ҷиддан санҷидашаванда иҷозат дода мешуд. Ғайр аз ин парвози ҳамзамони фармондеҳон ва муовинони аввали онҳо дар як ҳавопаймо манъ шуд.

Ҳавопаймои Ту-104 аз истифода дар Қувваҳи Мусаллаҳи ИҶШС бурун карда шуд. Ин ҳавопаймо ҳанӯз аз соли 1979 дигар дар парвозҳои мулкӣ истифода намешуд.

барчасп: