Activities calendar

10 июни 2021

Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 10-11 июни соли 2021 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сарони давлатҳо дар рӯҳияи анъанавии ҳусни тафоҳум, дӯстӣ ва ошкорбаёнӣ музокироти муфассал анҷом доданд, вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд, инчунин перомуни...

Ташаббуси навбатии КҲФ бо шарикони байналмилалӣ

Бо мақсади тақвият бахшидани амалҳои муштарак дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин татбиқи минбаъдаи «Ёддошти тафоҳум байни Кумита ва Барномаи Ҷаҳонии СММ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омодагӣ, бартараф ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ” дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии КҲФ бо намояндагони як қатор ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвар ҷаласа баргузор гардид.

Роҳандозии дарсҳои омӯзишӣ дар истироҳатгоҳи “Баҳористон”

Дар авҷи мавсими оббозӣ кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ба корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш идома медиҳанд. Корҳои таблиғӣ дар баробари санҷиши ҳолати тафреҳгоҳҳои соҳилӣ, мавҷудияти таҷҳизоти тиббӣ, чораҳои қатъии беҳдоштӣ  ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва гӯшаҳои деворӣ бо варақаву дастурҳои таблиғотӣ...

COVID-19: Болотарин сатҳи маргумири шабонарӯзӣ дар Ҳинд сабт шуд. Аммо сироят ва марг дар олам коҳиш ёфтааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки аз 31-уми май то 6-уми ииюни солим равон дар олам аз коронавирус 73 807 нафар ҷон бохтанд, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 8% кам аст. Дар ин рӯзҳо дар саросари олам 3 миллиону 016 ҳазору 005 мубталои нав ба COVID-19 сабт шудааст ва дида мешавад, ки сураъти афзоиши гирифторони шабонарӯзӣ 15% коҳиш ёфтааст. Дар Африқо ин беморӣ то 25% рушд доштааст.