Activities calendar

23 июни 2021

Мулоқоти Раиси КҲФ бо сарвари Раёсати СММ дар корҳои паноҳандагон дар Тоҷикистон

23 июни соли 2021 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сарвари Раёсати Комиссариёи олии СММ дар корҳои паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мулугета Зевди мулоқот намуд.

Дар оғози вохӯрӣ Сарвари КҲФ аз сатҳи робитаҳои дуҷониба

Наҷоти се нобилғ дар обҳои вилояти Суғд дар як рӯз

Рӯзи гузашта, соати 15:30 дақиқа  ҳангоми навбатдорӣ дар обутоббгоҳҳо ва гузаронидани рейдҳои назоратӣ дар минтақахои хавфноки дарёи Сир  наҷотдиҳандагони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ду нафареро мушоҳида карданд, ки дар мавзеъи соҳилии боғи фарҳангӣ- фароғатии Наврӯзгоҳ ғарқ мешуданд.

Ҳам таблиғ ва ҳам тамрин

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар соҳилҳои дарёҳо, каналҳо ва кўлҳо, ки аз ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе мегузаранд, ба роҳандозии корҳои таблиғотӣ идома медиҳад. Дар ин фасли гарми тобистон, ки бисёриҳо ба соҳили обҳо мераванд, донистани қоидаҳои бехатарӣ барояшон зарур аст. Зеро аксар ҳодисаҳои ғарқшавӣ бар асари надонистани ҳамин қоидаҳо рух медиҳанд.

COVID-19: Чин хостори санҷишу таҳқиқ дар кулли озмоишгоҳҳои биологии ИМА шуд

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар олам  281610 нафар чун сироятшудаи нав сабт шуданд ва 6349 нафар фавтиданд. Рӯзе пеш Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфта буд, ки дар 24 соат 336450 нафар мубталои ин вирус шуданд ва 7764 нафар ҷон бохтанд.  

Комиссияи Аврупо бо ширкати дорусозии амрикоии Moderna, ки воксин зидди коронавирус истеҳсол мекунад, барои дастрас кардани боз 150 миллион доза муоҳада имзо кард.