Activities calendar

30 июни 2021

Корҳои фаҳмондадиҳии Кумита дар сати пешгирии паҳгшавии бемории коронавирус

Дар доираи татбиқи "Нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемороии COVID-19" кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотиро идома дода истодаанд.

Дар КҲФ ба созмонҳои байналмилалӣ сипосномаҳо супорида шуд

29 июни соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ маросими супоридани сипосномаҳо ба 15 роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар мамлакати мо аккредитатсия шудаанд.

Зимни вохурӣ муовини Раиси Кумита полковник Латифзода Ҳ.,

Семинар-машварат дар Суғд

Дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон (КБСС) дар доираи лоиҳаи "Кор бо ҷасадҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда" бо иштироки 21 нафар хизматчиёни ҳарбии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти...

Машқҳои фармондеҳӣ- ситодӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Бо мақсади ташаккули сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ва дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2021, 29-30 июни соли 2021 дар ҳудуди вилояти Суғд, аз ҷумла дар ноҳияи Ашт ва  шаҳри Конибодом...