Activities calendar

09 июни 2021

COVID-19: Хушбинии сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз коҳиши рӯзафзуни гирифторон ба коронавирус

Сарвари созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус  гуфт, ки аз моҳи май шумори гирифторон ба коронвирус дар олам рӯ ба коҳиш овардааст. Аммо вай ҳушдор дод, ки штамми нави коронвирус, ки ҳоло таҳдид мекунад, барои касоне, ки зидди ин беморӣ худро эм накардаанд, метавонад марговар бошад. Табибон ба ин назаранд, ки муҳимтарин сипар зидди коронавирус ин эмкунии сартосарии аҳолии Сайёра мебошад.

Боздиди навбатии генерал Назарзода аз маконҳои офатрасида дар вилояти Хатлон

– уми июни соли 2021 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз маконҳои офатзадаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Вахш ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дидан кард.

Сарвари КҲФ бо ҷараёни корҳои барқароркунии...

Наҷоти 9 нафар дар як лифт, ки 7 нафарашон ноболиғон буданд

Нимишабии 9-уми июни соли равон ба Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода хабар расид, ки дар маҳҳаи 4, хонаи баландошёна як лифт ба сабабҳои техникӣ аз кор мондаву дар дохили он 9 нафар, ки 7 нафарашон кӯдакон ва 2 нафари дигар модарони онҳо буданд, руст мондаанд.