Муаррифии низоми мониторинг ва огоҳии қаблӣ дар кӯли Сарез (ВИДЕО)

2 июли соли 2021 бо мақсади навсозӣ, такмил ва тавсеаи низоми огоҳсозӣ ва мониторинги кӯли Сарез дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии низоми мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ барои кӯли Сарез  баргузор гардид.

Дар маросим Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-лейтенант Р.Назарзода, Роҳбари  Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шани Кэмбл, директори фурӯшҳои байналмилалии ширкати “САЕ” Италия ҷаноби Федерико Паскуини, инчунин  роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии дар мамлакати мо аккредитатсияшуда ширкат варзиданд.

Таҷҳизоти нав аз системаи интиқоли маълумот аз моҳвора, системаи пешгӯӣ, системаи назорат ва системаи огоҳӣ иборат аст.

Дар сухани ифтитоҳии худ Раиси Кумита барои ҳамкории судманд  ба Бонки Рушди Осиё ва дигар шарикони байналмилалӣ изҳори миннтадорӣ намуда, таъкид намуданд: «Низоми нав дар марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, то ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон, ки бо вилояти Сурхондарё Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаммарз аст, пайваст мегардад. Дар айни замон, низоми мавҷудаи огоҳии қаблӣ (сирена, алоқаи радио) то ноҳияи Рӯшон насб карда шудааст". Системаи нави огоҳӣ ва назорати қаблии кӯли Сарез моҳи августи соли 2021 ба кор медарояд.

Дар навбати худ хонум Шани Кэмбл афзалияти татбиқи ин лоиҳаро қайд намуда, омодагии Бонки Рушди Осиёро барои идомаи ҳамкории минбаъда дар оянда тасдиқ кард.

Директори фурӯшҳои байналмилалии ширкати “САЕ” Италия ҷаноби Федерико Паскуини ба ҳозирин дар бораи имкониятҳои системаи нав маълумот пешниҳод намуд.