Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки то 25-уми июли соли равон аз сабаби болоравии дамои ҳаво дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва қисмати ғарбии ВМКБ омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ бо эҳтиром хоҳиш мекунад ҳамаи чораву тадбирҳои  бехатариро риоя кунанд. Селроҳаву ҷӯйбору каналҳоро сари вақт аз хасу харӯба ва ҳар гуна бодовардҳо тоза намоянд.

То ҳадди имкон ба маҳалҳои селомади кӯҳӣ барои чаронидани чорвову ҷамъоварии ҳезум ва ҳар гуна рустаниҳои дорувор нараванд. Рафтан ба моҳидорӣ низ дар чунин рӯзҳо маслиҳат нест, чун оби рӯдхонаҳо баногаҳ метавонад баланд шавад.  

Роннадагон ҳангоми ҳаракат дар маҳалҳои кӯҳӣ ва маконҳои хатарноке, ки омадани сел эҳтимол дорад, ҷиддан қоидаҳои бехтарариро риоя намоянд, риояи фосила байни мошинҳо ҳангоми ҳаракат ҳастмист.

 

барчасп: