Covid-19: Рӯзи шанбе дар тазоҳуроти лағви рухсатномаҳои санитарӣ дар Фаронса 141 ҳазор нафар гирди ҳам омаданд

Бино ба маълуомти Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА шумори сироятшудагон ба коронавирус ба 220миллиону 650 ҳазору 663 нафар расидааст. Аз аввали ҳамагирӣ 4 миллиону 567 ҳазору 131 нафар ҷон бохтаанд. Дар саросари олам бар зидди коронавирус  5 446 613 674 доза ваксина истифода шудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки  шабонарӯзи гузашта дар саросари кишвар 21 ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба КОВИД-19 сабт шуда, шумори умумии мубталоён аз аввали ҳамагирӣ ба 16 984 нафар расидааст. 99,2 дарсади беморон шифо ёфтаанд.  

Маъмурияти Кохи Сафед бо сарварии президент Ҷо Байден рӯзи ҷумъаи гузашта як тарҳи омодагии кишвар ба ҳамагириҳои ояндаро ироа кардааст, ки тибқи он ҳукумати Амрико муддати ҳафт – даҳ соли оянда 65,3 миллиард доллар сарф хоҳад кард.

Ҳукуматдорони Британияи Кабир омодаанд наврасони аз 12 то 15-соларо низ зидди коронавирус эм кунанд.  

Рӯзи шанбе дар тазоҳуроти умумимиллии лағви рухсатномаҳои санитарӣ дар Фаронса 141 ҳазор нафар гирди ҳам омаданд. 18,5 ҳазори онҳо дар Порис тазоҳурот карданд. Аз посухи ҳукумат ба эътирозҳо гузориш дода нашудааст.

Ҳукумати Финландия пешниҳод дар мавриди лағви риояи фосилаи бехатарӣ ба масофаи ду метрро миёни одамон дар иншоотҳо, ки яке аз бахшҳои маҳдудяитҳои муваққатии қонун дар бораи бемориҳои гузаранда мебошад, ба парламон пешниҳод кард.

Штамми коронавируси "делта" дар Словакия рӯ ба афзоиш овардааст, ҳиссаи ин гунаи вирус дар сироятёфтагон бештар аз 99% аст.

Ҳукумати Эрон ба санҷиши марҳилаи сеюми дуюмин ваксина аз коронавирус бо номи Razi Cov Pars оғоз кард.

Баҳрайн истифодаи ваксинаи русии "Спутник Лайт" –ро иҷозат дод.

Ҳукумати  Филиппин ҳафтаи оянда манъи вуруд аз даҳ кишвари оламро, ки ба сабаби авҷи коронавиурс ҷорӣ карда буд, лағв мекунад. Ба рӯйхат ин кишварҳо шомиланд: Ҳинд, Покистон, Бангладеш, Шри-Ланка, Непал, Иморати Муттаҳидаи Араб, Уммон, Таиланд, Малайзия ва Индонезия.

Дар Молдова зарфи як шабонарӯзи гузашта 233 ҳолати сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.  

Шабонарӯзи гузашта дар Украина 1379 ҳодисаи нави гирифторӣ ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд.

Зарфи 24 соати гузашта дар Русия боз 18 645 ҳолати нави сироят ба коронавирус сабт шудааст.

Дар Қазоқистон аз аввали ҳамагирӣ 812 999, дар Қирғизистон 176 473 ва дар Ӯзбекистон 159 871 нафар олудаи Covid-19 шудаанд.