Ҳалокати 63 пингвини нодири африқоӣ аз неши занбӯр

Шасту се пингвини африқоӣ аз гунаи парандагони дар ҳоли нобудии комил дар наздикии Кейптаун аз неши занбӯрҳо ба ҳалокат расидаанд. Ин пингвинҳоро дар соҳил дар ҳоле пайдо карданд, ки неши занбӯрҳо дар баданашон намудор буд ва ҳеч дигар осебе надоштанд. Баъди муоина маълум шуд, ки занбӯрҳо даври чашмони ин парандагон неш задаанд.

Як мутахассиси ҷонваршинос бо номи Элисон Кок аз Раёсати миллии паркҳои Африқои Ҷанубӣ ба ВВС гуфтааст, ки ин ҳодиса бори аввал рух медиҳад. “Аслан пингвинҳо ва занбӯрҳо ҷонвароне мебошанд, ки ба ҳам унс мегиранд ва аз будубош дар макон нороҳат нестанд. Занбӯрҳо маъмулан то даме, ки онҳоро ба ғазаб наоранд, намегазанд. Ба андешаи мо лонаи занбӯр ба чӣ тариқе хароб шудааст ва аз дохили он оилаи бузурги занбӯрҳо хашин берун шудааст ва мутаассифона сари роҳашон ҳамин пингвинҳо баромадаанд”.

Ин мутахассис гуфтааст, ки занбӯрҳо пурхатартарин ҷойи бадани пингвинҳо, атрофи чашмони онҳоро газидаанд ва ин ҷой бо пари онҳо пӯшида нест. Ҳатто як пингвинро 27 занбӯр газидаанд. 

“Ин миқдор неши занбӯр барои ҳар гунаи ҳайвони шабеҳи пингвинҳо марговар мебуд”,- мегӯяд доктор Лудиня.

Занбӯрҳо низ баъди неш задан мемиранд ва дар назди ҷасади пингвинҳо даҳҳо мурдаи ин ҳашаротро дидаанд. 

Пингвинҳои африқоӣ ба далели ҷуссаи хурдашон ҷолиби диққатанд ва дар соҳилҳои Африқои Ҷанубӣ ва Намибия зиндагӣ мекунанд.

Иттиҳоди байналмилалии ҳифозат аз табиат мегӯяд ҷамъияти онҳо басуръат дар ҳоли коҳиш аст.

барчасп: