COVID-19: Дар Фаронса чандин ҳазор духтуроне, ки аз воксангирӣ худдорӣ мекарданд, аз кор барканор шудаанд

Ҳамоно ИМА, Ҳинд ва Бразилия дар сегонаи кишварҳое дохиланд, ки беш аз 20 миллион гирифтор ба коронавирус доранд.

Иммунолог Сай Редди – таҳлигари Мактаби олии техникии Сюрих ҳушдор медиҳад, ки соли 2022 як штамми басо хатарноки коронавирус зоҳир мешавад. Ин метавонад оғози ҳамагирии нав бошад, ки марговартар аз пешин аст.

Одамоне, ки гирифтори зуком мешаванд, ба коронавирус сироят намешаванд. Дар ин бора аъзо-корреспонтенти Академияи илмҳои Русия Пётр Чумаков изҳори назар кардааст. 

Олимони Исроил мегӯянд дозаи сеюми воксани зидди коронавирус организмро аз штамми “Делта” ҳифз мекунад. Пажӯҳишҳо дар ин кишвар нишон додаанд, ки самароварии воксанҳо баъди шаш моҳ ба заъф мегароянд, аз ин рӯ Вазорати тандурустии ин кишвар ба қароре омадааст, ки одамони аз синни 12-сола боло дозаи сеюмро ҳам бигиранд.  

Британияи Кабир аз 4-уми октябри соли равон вуруди шаҳрвандони хориҷие, ки худро пурра эм кардаанд, сода мекунад, аз ҷумла воксингирифтагон аз Русия низ метавонанд бе монеъа ворид шаванд.  Ҳамчунин дар ин кишвар кӯдаконро низ бе маслиҳату машварат бо волидонашон зидди коронавирус эм мекунанд. Ҳоло дигар розигии волидонро касе намепурсад, агар худи кӯдак майл ба воксангирӣ кунад.

Дар Фаронса 67% аҳолӣ пурра воксан гирифтаанд. Дар ин кишвар чандин ҳазор духтуронеро, ки аз воксан гирифтан худдорӣ мекарданд, аз кор барканор намуданд.  

Ҳинд эълон кард, ки дарҳои худро барои гардишгарони хориҷӣ боз мекунад.

Беш аз 50% сокинони Эрон ҳаддиақал як доза ва 17% ду дозаи воксани зидди коронавирусро гирифтаанд. 

Дар Русия шабонарӯзи гузашта боз 19 744 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд. Шабонарӯзи сипаршуда бар асари ин беморӣ 778 нафар фавтидаанд. Шумори умумии қурбониёни COVID-19 дар ин кишвар ба 198 996 нафар расидааст. Теъдоди мубталоён 7 миллиону 294 ҳазору 672 нафар эълон шудааст. 

Украина шабонарӯзи гузашта аз сирояти боз 2 265 ва марги 44 нафар хабар дод. Дар Молдова бошад шумори умумии гирифторон ба 281 700 нафар ва фавтидагони 6 595 расид.

Дар Қирғизистон зарфи 24 соати гузашта 58 нафари дигар олудаи ин вирус шудаву 2 нафар фавтидаанд, дар Ӯзбекистон бошад шумори гирифторон ба Covid-19 ба 168 938 нафар расидааст. 

Қазоқистон аз гирифтории 862 862 нафар ба Covid-19 хабар дод ва шабонарӯзи гузашта 2 438 нафар аз ин беморӣ даргузаштанд.

Шумори мубталоён ба коронавирус дар Тоҷикистон 17084 буда, 124 нафар фавтиданд. Зарфи чанд шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати  сироят ва марг бар асари  Covid-19 ба қайд гирифта нашудааст.