COVID-19: Шумори олудашудагон аз 236 миллион гузашт

Шумори гириифторон ба КОВИД-19 ба 236 миллиону 067 ҳазору 619 нафар расидааст ва 4 миллиону 820 ҳазору 816 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. Ҳафт кишваре, ки шумори бештарин мубталоён ба коронавирус доранд:

ИМА -44 619 240;
Ҳинд - 33 851 005;
Бразилия - 21 478 546;
Британия- 7 934 936;
Русия - 7 612 317;
Туркия - 7 267 077;
Фаронса- 7 028 197.

Духутури иммунолог Владимир Болибок ва сармутахассиси Донишгоҳи давлатии Москав ба номи Ломаносов Максим Скулачев ба ин назаранд, ки бачаҳо ва наврасон аз паҳнкунандагони аслии коронавирус ба шумор мераванд. Ва то замоне, ки онҳо воксан нагиранд, хавфи сироят кам нахоҳад шуд.  

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 25 781 ҳодисаи нави сироят ба коронавирусро сабт кардаанд ва аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 7 миллиону 612 ҳазору 317 нафар олудаи COVID-19 шуда, аз ин беморӣ 210 801 нафар ҷон бохтаанд. Шумори муолиҷашудагон 6,7 миллион нафар эълон шудааст.

Зарфи 24 соати гузашта дар Украина беш аз 4,8 ҳазор мубталои нав ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд ва аз ин беморӣ 114 нафар ҷони худро аз даст доданд.  

Белорусия аз сирояти боз 1872 нафар хабар дод ва теъдоди мубталоён дар ин кишвар ба 545 843 нафар расидааст. 

Чин ахиран ах эҳтимолу пайдо шудани вируси нав хабар дод. Сарвари Маркази назорати бемориҳо Гао Фу гуфтааст, ки дар оянда эҳтимол башарият ба сирояти вируси наве рӯбарӯ мешавад ва бояд аз имрӯз омодаи мубориза бошад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта ягон ҳодисаи сироят ва марг бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар хабари ин вазорат омадааст: Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз  дар мамлакат 17084 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16960 нафар  шифо ёфтаанд. Инчунин аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.