Activities calendar

18 октября 2021

Собиқ Вазири умури хориҷии ИМА аз коронавирус ҷон бохт

Субҳи имрӯз Собиқ Котиби давлатии ИМА Колин Пауэлл бар асари сироят ба коронавирус дар синни 84-солагӣ аз дунё гузашт.  Колин Пауэлл аз ҷумла вазирони хории сиёяпӯсти амрикоӣ буд, ки дар замон президентии Ҷорҷ Буши хурдӣ дар ин симмат ифои вазифа намуд. Хабари марги ӯ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби пайвандонаш расонаӣ шуд.

Сели харобкор дар ҷануби Ҳин 26 нафарро кушт. Ба эҳтимоли зиёд шумори ҳалокшудагон беш аз ин аст

Бар асари ҷорӣ шудани як сели харобкор дар ҷануби Ҳинд ҳаддиақал 26 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 5 нафари онҳо кӯдакон буданд. Бориши боронҳои пуршиддат ва туғёни рӯдхонаҳо боис шудааст, ки деҳаҳои зиёде дар муҳосираи сел қарор гиранд. Шиддати сел ба ҳаддест, ки мақомҳои маҳаллӣ аз эҳтимоли афзои ҳалокшудагон ва гумшудагон хабар додаанд.

Моҳигири бузурги бебол: Мудҳиштарин фоҷеае, ки ба дасти инсон анҷом шудааст

Дар ибтидои таърихи миллати аврупоӣ ин парандаҳо қариб дар ҳамаи соҳилҳои баҳрҳо, аз ду ҷониби қисмати шимолии уқёнуси Антлантик зиндагонӣ мекарданд. Дар қисмати ғарбии он аз Гренландия ва Нюфаундленда то Флорида, дар қисмати шарқӣ аз Исландия ва Скандинавия то навоҳии соҳилии Испания онҳоро дидан мумкин буд. Дар давраи яхбандии бузург, тахминан 60 ҳазор сол пеш аз ин моҳигирони бебол ё худ ӯрдаки...