Activities calendar

29 октября 2021

ФОҶЕАИ паланги Рудрапраяга – қотили 125 одам

«Захмҳо – як захми тоза дар китфи рост; як захми куҳан дар болиштаки пойи чапи ақиб, дар ҳамон пой қисми ангӯшт ва нохун намерасад; якчанд захми жарф ва чанд захми дигари шифоёфта дар дум; як захми қисман шифоёфта дар зонуи буғуми пойи чапи ақиб”, - ин тасвирест, ки соли 1926 шикорчӣ Ҷимм Корбетт рӯйи коғаз овардааст. 

Ин дар бораи паланге аз Рудрапраяга (Ҳинди Шимолӣ.Воқеъ дар иёлоти Уттороканди имрӯза).

Марги ду нафар дар обҳои кишвар. Яке 6-солаву дигар 39-сола. Яке бемори рӯҳӣ, дуюмӣ кӯдаки солим

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ягон ҳодисаи фавқулода табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта нашуд. Аммо ду ҳодисаи марги одамон дар об сабт шуд.

Ҳодисаи аввал дар қаламрави вилояти Хатлон рух дод. Як сокини 6-солаи деҳаи Сомон, ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар канали Қумсангир уфтодаву ғарқ шудааст. Сабаби ин ҳодисаи нохӯш беназоратии писараки шашсола гуфта шудааст.